Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Размоиши нерӯҳои Тоҷикистону Чин дар Бадахшон. ВИДЕО. АКС


Размоиши нерӯҳои Тоҷикистону Чин дар Вилояти Мухтори Куҳистони Бадахшон идома дорад. Ҳадафи он "муқобила бо таҳдидҳои террористӣ" гуфта шуда, дар ин тамрин аз ҳарду тараф наздик ба 1200, аз ҷумла 580 сарбозу афсари Фармондеҳии Ғарбии Артиши Озодибахши Мардуми Чин ширкат мекунанд.

Машқи низомӣ субҳи 12-уми август бо задани бонги хатар бо ҳузури нерӯҳои ҳарбӣ ва ҳавоии Вазорати дифоъ дар Хоруғ оғоз ёфтааст.

"Ба ин муносибат ҳамаи размоишгоҳҳои Бадахшон ба ҳолати ҷангӣ оварда шуданд", -- гуфт Ориф Нозимзода, сухангӯи Вазорати дифои Тоҷикистон рӯзи 13-уми август аз маҳалли размоиш ба Радиои Озодӣ.

Вай афзуд, "ҳадафи машқи низомӣ, мубориза бо гурӯҳҳои терористӣ ва тундрав аст. Дар сурати пеш омадани чунин хатар, роҳҳои мубориза бо он тарҳрезӣ ва сипас иқдом мешавад."

Размоиши муштарак расман "Ҳамкорӣ-2019" ном дошта, қарор аст, то 16 август идома ва дар размоишгоҳи Ҷелондии ноҳияи Шуғнон, ки дар баландии 3500 метр ҷойгир аст, ба поён расад.

Гузориши видеоӣ дар ин ҷост:

Тамрини низомии Тоҷикистону Чин дар Бадахшон
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:02:04 0:00

Ба гуфтаи мақомоти Вазорати дифои Тоҷикистон, дар ин машқи муштараки низомӣ аз ҳавопаймоҳои ҷангӣ ва танку зиреҳпушҳо истифода бурда хоҳад шуд.

Тамрини нерӯҳои Тоҷикистону Чин дар ҳоле баргузор мешавад, ки охири ҳафтаи гузашта дар шабакаҳои иҷтимоӣ чанд акси сарбозони чинӣ дар Хоруғ, маркази вилояти Бадахшони Тоҷикистон, нашр шуд ва нигаронии бархе аз сокинони маҳаллиро ба бор овард. Аммо маоқомот онро баёнгари наздикии бештари ду кишвар ва густариши ҳамкориҳои низомии онҳо медонанд.

Чунин размоиши муштараки низомиёни Тоҷикистон ва Чин моҳи октябри соли 2016 низ дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон доир шуда буд. Дар он ҳудуди 10 ҳазор нафар иштирок карданд.

Размоиши муштараки низомиёни Тоҷикистону Чин дар ҳоле баргузор мешавад, ки вазъ дар вилояти Бадахшони Афғонистон, ҳаммарз бо Тоҷикистону Чин, ноором ба назар мерасад.

Гурӯҳи Толибон дар ин вилоят чанд минтақаро солҳо боз дар ихтиёр доранд. Аз сӯи дигар, тибқи иттилои хабаргузориҳо, ҷангҷӯёни уйғури мухолифи ҳукумати Чин ва ҷангҷӯён аз Тоҷикистон низ дар бархе аз минтақаҳои ин вилоят ҳастанд.

Душанбе ва Пекин борҳо аз ҳузури ҷангҷӯёни кишварҳои худ дар Афғонистон нигаронӣ карда буданд.

Овардани нерӯҳои зиёд ба ВМКБ аз ҷониби аҳолии маҳаллӣ зимни чанд амалиёти вижаи давлати Тоҷикистон дар ин ҷо тобиши манфӣ низ касб мекунад.

Тоҷикистон бо Чин дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ҳудуди 500 километр марзи муштарак дорад. Вилояти ноороми мусулмоннишини Шинҷону Уйғур ҳам дар ин минтақа ҷойгир аст.

Чин аз ҷудоиталабони ӯйғур нигарон аст ва бо Тоҷикистон дар бораи пешгирӣ аз ифротгароӣ, қочоқи маводи мухаддир ва ҷудоиталабӣ созишнома имзо кардааст.

XS
SM
MD
LG