Мутахассисони соҳа бар инанд, ки сабаби аслии ҷаҳиши бесобиқаи ин навъи манбаъи энержӣ идомаи поин рафтани қурби доллари Амрикост. Сармоядорони ҷаҳон дигар ба доллар эътиқоди чандоне надоранд ва кушиш мекунанд дороии худро ба ашё ё ба фулузоти қиматбаҳо табдил диҳанд. Хусусан ба молу колое, ба мисли нафт ё тило, ки ҳамчунон бо доллари амрикоӣ харидуфурӯш мешаванд.
Дар давоми рӯзи чоршанбе рукуди доллар дар баробари евро боз ҳам идома ёфт ва сармоягузоронро водор сохт ба бозори нафт рӯ биёваранд. Дар ҳоле ки доллар заиф мешавад, харидории қарордодҳоии фючерсии нафт барои сармоягузорони хориҷи ҷолибтар мешавад.
Баъди он ки вазорати энержии ИМА эълон кард, ки таъминот бо нафт ҳафтаи гузашта афзоиш ёфта ба 6 миллиону 100 ҳазор бушка расид, ки ин се баробар бештар аз пешгуиҳои таҳлилгарони шабакаи хабарии Доу Ҷонс мебошад, баҳои нафти хом каме поин рафт. Аммо баъдтар, худи ҳамон рӯз сармоягузорон дубора ба харидани нафт шуруъ карданд.
Линда Рефиелд, мутахассиси аршади соҳаи нафти ширкати “Макгро Ҳил”, мегуяд дар айни ҳол ба кадом нархе, ки набошад фурсати харидани нафт аст. Таҳлилгари фючерсҳои ширкати “Опшенэкспресс” Роб Куржатковский гуфт, дар бозори энержӣ миёни нарх ва пешгуиҳои мутахассисон тафовути бузурге мушоҳида мешавад ва аксаран сабабаш рукуди доллар аст.
Ин воқеъият, ки бо вуҷуди афзоиши пешниҳод ва коҳиши талабот болоравии нархи нафт ҳамчунон идома дорад, мояи ҳайрати коршиносон шудааст, ки мегӯянд, вазъи иқтисоди ИМА нигаронкунанда боқӣ мемонад.
Афзоиши бесобиқаи баҳои нафти хом қариб ба ҳамаи бахшҳои иқтисоди Амрико таъсири манфӣ расонд. Ҳамин тавр нархи бензин дар пешоруи мавсими таътилҳо ба таври бесобиқа баланд шуда ва ҳоло як литри бензин болиғ аз 1 доллар шудааст.