Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

М. Аҳмадинажод: «Нафт бояд бо евро фурӯхта шавад»


Ҳуго Чавес, Маҳмуди Аҳмадинажод ва Абдуллоҳ бин Абдулазиз ас-Саъуд дар иҷлоси OPEC (ОПЕК) дар ар-Риёз
Ҳуго Чавес, Маҳмуди Аҳмадинажод ва Абдуллоҳ бин Абдулазиз ас-Саъуд дар иҷлоси OPEC (ОПЕК) дар ар-Риёз

Сарони давлатҳои узви ОПЕК дар нишасти худ дар ар-Риёз изҳор карданд, ки содироти пайвастаи нафт ба бозори ҷаҳониро кафолат медиҳанд.

Вале дар ҳамин ҳол дар асноди ниҳоии нишаст ба имкони афзоиши тавлиди нафт ишорае нашудааст.

Афзоиши тавлиду содироти нафт ба бозор пешниҳоди кишварҳои муштарии ин маводди сӯхт ва қабл аз ҳама Иёлоти Муттаҳидаи Амрико аст.

Феълан қимати як баррел ё як бушки нафт дар бозори ҷаҳонӣ то 97 доллари амрикоӣ боло рафтааст. Афзоиши бесобиқаи қимати нафт, аз нигоҳи коршиносон, бо талаботи афзоянда ба маводди сӯхт, рушди иқтисод ва коҳиши захоири нафту газ бастагӣ дорад. Тибқи пешгӯиҳои Ожонси байнулмилалии энержӣ, то соли 2030 талаботи энержӣ дар сайёра тақрибан 50-60 дарсад афзоиш меёбад.

Дар ҳамин ҳол сиёсатмадорон ва коршиносон ҳадс мезананд, ки болоравии қимати нафт идома хоҳад кард.

Маҳмуди Аҳмадинажод, раисиҷумҳури Эрон, қабл аз ин нишасти ОПЕК гуфта буд, ки қимати имрӯзаи як бушк нафт назар ба арзиши аслии он хеле поинтар аст. Вале, Уго Чавес, раисиҷумҳури Венесуэла, дар нишасти ОПЕК иброз дошт, ки қимати нафт шояд то 150 ва ҳатто 200 доллар барои як бушк боло равад.

Ин ҳам дар ҳолест, ки қурби доллар дар баробари евро, воҳиди пулии Аврупо, тайи як соли ахир ба таври назаррас поин рафтааст ва ин ба мафоди кишварҳои содиркунандаи нафт таъсир гузоштааст. Зимнан Уго Чавес ва ҳамтои эронии ӯ Маҳмуди Аҳмадинажод пешниҳод кардаанд, ки хариду фурӯши нафт дар бозори ҷаҳонӣ аз ин баъд бо евро сурат бигирад. Ба гуфтаи Аҳмадинажод, доллар дар ҳоли ҳозир «ба як коғази беарзиш» табдил ёфтааст.

Нишасти ар-Риёз ихтилофи назари кишварҳои узв дар мавриди аҳдофи дури ОПЕК-ро урён кард. Уго Чавес ва Рафаэло Корреа, раиси ҷумҳури Эквадор (кишваре, ки узвияташ дар ОПЕК дубора барқарор гардид) пешниҳод карданд, ки ин созмон алайҳи аз байн бурдани ҳокимии Амрико дар сиёсати ҷаҳонӣ талош намояд. Уго Чавес, аз ҷумла, гуфт, ки «тавассути таҳдиди боло бурдани қимати нафт метавон аз ҳамлаи имконпазири Амрико ба Эрон ҷилавгирӣ кард».

Аммо ин пешниҳод аз сӯи кишварҳои ҳампаймони Амрико, аз ҷумла Арабистони Саъудӣ, пуштибонӣ наёфт. Шоҳи Арабистони Саъудӣ Абдуллоҳ таъкид кард, ки «нафт набояд силоҳ барои ҳалли низоъҳо бигардад».

Гуфта мешавад, ки нишасти сарони кишварҳои узви ОПЕК бештар рӯи мавзӯъҳои тағйири иқлими сайёра ва мубориза бо фақр тамаркуз кардааст.

Аҳли нишаст инчунин хостори ҷустуҷӯи роҳҳои нави кам кардани партоби газҳои гулхонаӣ ба фазо шуданд. Арабистони Саъудӣ ваъда дод, ки ба хазинаи коркарди фанноварии муҳитизистӣ барои мубориза бо гармшавии иқлим 300 миллион доллар эҳдо хоҳад кард. Кишвари Кувайт низ омодагияшро барои вогузоштани 150 миллион доллар ба ин хазина иброз дошт.
XS
SM
MD
LG