Оқои Халил ҳамчунин изҳор дошт, ки дар семоҳаи дувуми соли 2008 камшавии талабот ба нафт интизор меравад, чунки ба эътиқоди ӯ, пешниҳоди нафт дар муқоиса ба талабот дар ҳоли ҳозир низ хеле бештар аст. Ба гуфтаи ӯ, дар бозори нафт пешниҳоди ин навъи маҳсулот хеле зиёд аст ва пешниҳоди бензин – аз он ҳам бештар.
Пас чаро нархи нафт ва бензин то ин андоза боло рафтааст? Агар таъминот зиёд бошад пас нархи нафт бояд поин равад. Дар посух оқои Халил ба буҳрони молии Амрико ангушти ишора бурд, ки дар натиҷаи он қурби доллари амрикоӣ се сол пайиҳам поин меравад: “Сабаби он чи ки дар бозори нафт ба амал меояд идораи нодурусти иқтисоди ИМА мебошад, ки эҳтимолан ба боқии ҷаҳон ва иқтисодҳои дигар кишварҳои дунё таъсир мерасонад”.
Ба эътиқоди коршиносон, ба шаклгирии нархи нафт чандин омил таъсир мекунад, ки як омили умдааш ҳамон таносуби байни пешниҳод ва талабот барои кӯтоҳмуддат ва дарозмуддат аст. Нигарониҳои геополитикӣ, аз ҷумла амнияти роҳҳои интиқоли он ва вазъи амниятӣ дар кишварҳои содиркунандаи нафт, низ ба қимати нафт таъсир доранд.
Аммо ба бовари Одейн Аҷумагобия, вазири нафти Нигерия, сабаби аслии болоравии ҷории нархи нафт танҳо сустии доллари амрикоист.
Ин ҳам дар ҳолест, ки муддатҳо боз ОПЕК нархи нафтро бо доллар муайян мекунад. Аммо дар айни ҳол, ки доллар дар тӯли чанд соли ахир заифтар шудааст, ба бовари коршиносони соҳа, қимати нафт бояд ақаллан боло равад.