Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Обама ба Исроил ваъдаи таҳкими муносибот кард


Борак Обама дар ҷараёни дидор аз Исроил гуфтааст, агар раисиҷумҳури ИМА интихоб шавад, муносиботи Амрико бо Исроил бештар таҳким хоҳад ёфт.

Вай баъд аз мулоқоташ бо Шимон Перес, раисиҷумҳури Исроил, гуфт, вай чӣ дар нақши сенатор, ё чӣ дар нақши раисиҷумҳури Амрико, ба муносиботи вижа бо Исроил ва ба амнияти ин кишвар бартарӣ қоил хоҳад буд. Вай афзуд, ҳадафи дидори вай аз Исроил таъйиди ҳамин нукта аст.

Обама қавл дод, ки агар раҳбари Амрико интихоб шавад, билофосила ба ҷараёни музокироти сулҳи миёни Исроилу Фаластин суръат хоҳад бахшид. Дар ҷараёни ин боздид масъалаи Эрон низ матраҳ буд. Баъзе яҳудиҳо нигаронанд, ки Обама омода аст бо Теҳрон ошкоро гуфтугу кунад, дар ҳоле, ки Эрон душмани сарсахти давлати Исроил дониста мешавад.

Қабл аз дидор бо Шимон Перес, раисиҷумҳури Исроил, Борак Обама бо Эҳуд Борак, вазири дифоъ ва бо Бенямин Натанёҳу, раиси Ҳизби Ликуд, ки дар порлумон раҳбари мухолифон дониста мешавад, мулоқот дошт. Дар эъломияе, ки ҳайати ҳароҳони Обама интишор додааст, гуфта мешавад, ки ҷонибҳо дар бораи ҳамаи масоили муҳим ва чолишҳое, ки дар оянда Исроил дар минтақа бо он рӯ ба рӯст, гуфтугу кардаанд.

Таҳлилгарон мегуянд, талошҳои сулҳҷуёнаи миёни Исроилу Фаластин ва барномаҳои ҳастаии Эрон метавонад аз ҷумлаи чунин масоил бошад, зеро Исроил намехоҳад, ки Эрон ба эҷоди аслиҳаи ҳастаӣ даст ёбад. Дар поёни боздиди худ аз Ховари Миёна Борак Обама бо Маҳмуд Аббос, раҳбари ташкилоти худгардони Фаластин, низ дар Ромаллоҳ мулоқот кард. Дар ин мулоқот Салом Фаёд, нахуствазир ва Соэб Эрекот, раҳбари музокироти сулҳи Фаластин, низ ширкат доштанд.

Мак Кейн-номзади дигари мақоми раёсати ҷумҳурии Амрико дар ҷараёни боздиди худ аз минтақа бо Маҳмуд Аббос мулоқот накарда буд. 24-уми июл боздиди Борак Обама аз Ховари Миёна поён меёбад ва вай дар идомаи силслабоздидҳояш вориди Олмон мешавад.

XS
SM
MD
LG