Гарчӣ баъзе соҳибназарони дохилӣ дар Амрико ва рақибони интихоботии Барак Обама ӯро дар умури хориҷаи Амрико шахсияти бетаҷриба медонанд, вале вай дар остонаи интихоботи раёсати ҷумҳурии моҳи ноябри соли ҷорӣ барои ошноӣ бо вазъ дар ду кишвари барои Амрико муҳим, яъне дар Афғонистону Ироқ, ки нерӯҳои амрикоӣ дар он ҷо даргири ҷанг мебошанд, мехоҳад аз наздик ошно шавад, ё, ба гуфтаи худаш, "камтар бигӯяд ва бештар бишнавад".
Обама бар ин ақида аст, ки агар дар интихобот пирӯз шавад, дар зарфи 16 моҳи аввали раёсаташ нерӯҳои Амрикоро аз Ироқ фаро хоҳад хонд. Вай мегӯяд, ки дар мубориза бар зидди терроризм дар Афғонистон бартарии бештар қоил аст. Ба андешаи вай, нерӯҳое, ки аз Ироқ фаро хонда мешаванд, дар Афғонистон ба кор меоянд.
Аммо адмирал Майк Муллен, раиси ситоди муштараки артиши Амрико, бо ин андешаи Обама розӣ нест ва мегӯяд, хуруҷи нерӯҳои амрикоӣ дар зарфи ду соли оянда метавонад барои Ироқ хатароте дар пай дошта бошад: "Ман намехоҳам бигӯям, ки пешрафт дар Ироқ аз нуқтаи назари низомӣ ба нуқтаи тавозун расидааст ва баргаштнопазир аст. Ин тавр нест. Аммо бидуни шак ва ба таври қобили мулоҳиза амният беҳбуд ёфтааст. Агар чунин вазъ идома ёбад, ман метвонам дар авоили тирамоҳ ба вазири хориҷа ва ба президент пешниҳоди худро дар бораи коҳиши шумораи нерӯҳо бидиҳам".
Оқои Муллен ба унвони мисол гуфтааст, баъд аз хуруҷи нерӯҳои Амрико ҳузури нерӯҳои Ал-Қоъида дар Ироқ ва хушунатҳои ҷиноҳӣ метавонад вазъро дар Ироқ дубора ноором созад.
Барак Обама дар ҷараёни боздидаш аз Афғонистон рӯзи якшанбе гуфт, мубориза бар зидди Толибон дар Афғонистон бояд тақвият ёбад. Бад-ин манзур дар сурати интихоб ба мақоми раёсати ҷумҳурӣ Обама омода аст шумораи нерӯҳои Амрико дар Афғонистонро афзоиш диҳад.
Коршиносон мегӯянд, барномаҳои Обама дар бораи фаро хондани нерӯҳо аз Ироқ тарафи дигар низ дорад. Ба гуфтаи онҳо, дар сурати харуҷи қисмати аслии нерӯҳои Амрико роҳи дигари ҷойгузин дар Ироқ тақрибан ба назар намерасад. Мак Кейн, номзади дигари мақоми раёсати ҷумҳурӣ аз Ҳизби ҷумҳурихоҳ, ки ҳоло машғули боздидҳои дохилист, аз барномаҳои Обама интиқод кард ва гуфт, ақидаи Обама дар бораи хуруҷи нерӯҳо аз Ироқ хилофи машварати коршиносони низомист.
Аммо Обама аз оғоз бо ҷанг дар Ироқ мухолифат доштааст. Вай моҳи марти соли 2003 низ дар конгреси Амрико бар зидди оғози ин ҷанг раъй дода буд. Силсилабоздидҳои хориҷии Барак Обама 9 рӯз давом хоҳад кард ва вай дар ин муддат баъд аз Афғонистону Ироқ аз Урдуну Исроил ва кишварҳои муҳими Аврупо - аз Олмону Фаронса ва Бритониё боздид хоҳад кард. Дар ин боздид вайро ду сенатори Амрикоӣ - Чак Ҳейгел ва Ҷек Рид ҳамроҳӣ мекунанд.