Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Донишгоҳи Манас ҷавонони тоҷикро мехонад


Донишгоҳи байнулмилалии «Манас»-и Қирғизистон тасмим гирифтааст, ки соли оянда бист ҷавони тоҷикро ба ин донишгоҳ бидуни имтиҳон қабул кунад.

Гуфта мешавад, ки буҷаи солонаи ин Донишгоҳ 35 миллион доллари амрикоиро ташкил мекунад, ки аз ҷониби ҳукумати Туркия пардохта мешавад. Ин донишгоҳ дар майдони 85 ҳектор бунёд шуда ва аз тамоми шароитҳои замонавӣ низ бархурдор аст. А

ббоси Қароғочлӣ, ноиби мудири Донишгоҳи байнулмилалии «Манас», перомуни ин мавзӯъ ба бахши тоҷикии радиои Озодӣ гуфт, ҷавононе, ки тибқи тасмими мудирияти Донишгоҳи Манас аз Тоҷикистон пазируфта мешаванд, дар радифи донишҷӯёни дигари ин донишгоҳ ба ҷои хоб, стипендия ва се маҳал ғизо таъмин хоҳанд шуд.

Ноиби мудири Донишгоҳи байнулмилалии «Манас» Аббоси Қароғочлӣ гуфт, аммо шаҳрвандони Қирғизистон аз имтиёзе, ки барои ҷавонони тоҷик дода хоҳад шуд, бархурдор намешаванд ва имтиҳонҳои дохилшавиро пурра месупоранд. Вай гуфт, ки агар донишҷӯён Донишгоҳро ба баҳои хубу аъло тамом кунанд, онҳоро беҳтарин донишгоҳҳои Туркия низ интизор хоҳад буд.

Ба гуфтаи оқои Қароғочлӣ, дар ҳамин ҳол дар Донишгоҳи байналмилалии «Манас» 11 ҷавони тоҷик таҳсил мекунанд, ки аз минтақаҳои мухталифи Тоҷикистон омадаанд.

XS
SM
MD
LG