Бачаҳо мегуянд, ки ҳар моҳ волидонашон ҳудудан 100 сомонӣ равон мекунанд ва барои сарфаи ғизо онҳо таъом ва нонро дар хобгоҳ мепазанд. «Агар миз бошад боз хуб мешавад, аммо ҳоло нест. Ҳар чизе, ки дар ҳамин ҳуҷра мебинед аз хонаҳоямон овардаем. »
Ба гуфти коршинос Фирӯз Саидов, бо иллати харобӣ ва ба созмонҳои дигар фурухта шудани биноҳои хобгоҳҳо на ҳамаи толибилмони деҳотӣ бо ҷойи зист таъмин ҳастанд. Ин аст, ки дар як ҳуҷраи хонаҳои маҳалӣ аз 8 то 10 донишҷӯ зиндагӣ мекунанд: «хобгоҳҳое, ки ҳоло ҳастанд шароити таълиму таҳсили донишҷӯёнро таъмин карда наметавонанд, ки мушкили аслии онҳо мебошад.»
Ҳамчунин ҷавононе, ки аз русто ба шаҳр омадаанд дар муқоиса бо ҳамтоёни шаҳрнишини худ бо шароити иҷтимоии печидатар мувоҷеҳанд. Фирӯз Саидов меафзояд бо ҳадафи мутобиқ шудан ба шароити бозаргонии шаҳрҳо, баъзе гурӯҳи ин ҷавонон ба вижа духтарон ба корҳои ғайришаръӣ даст мезананд. «Барои он ки духтари рустоӣ дар пойтахт дар баробари таҳсил зиндагӣ кунад бояд ё хеши сарватманд, ё ҷойи зист дошта бошад. Дар акси ҳол зиндагӣ онҳоро маҷбур месозад, ки ба ин корҳо даст зананд.»
Ба гуфти Фирӯз Саидов шароити зиндагии шаҳр аз деҳот фарқ дорад ва аз ин рӯ баъзе аз ҷавонон бо дидани имконоти васеъ ва кушиши дастрасии бештар зуд назорати худро аз даст медиҳанд ва дар баъзе ҳолат аз идомаи таҳсил даст мекашанд. «Он бозиҳо, қиморзаниҳо, дар тарабхонаҳо хурок хурдан ва дигар шароитҳо таваҷҷуҳи онҳоро ба худ ҷалб мекунад. Баъзан барои дастрасӣ ба чунин шароитҳо ҳатто ба ҷиноят даст мезананд.»
Аммо дар ҳамин ҳол устоди донишгоҳ Фаришта Офаридаева мегӯяд ҳоли ҳозир донишҷӯёни деҳотие низ кам нестанд, ки бо дониши хуб аз баъзе ҳамсолони шаҳрнишинашон пеш гузашта дар шароити мушкили зиндагӣ баръакс ба рушду тавсеаи лаёқату ҳунарҳои худ машғул мешаванд: «Донишҷӯёни шаҳрӣ одатан аз дониши худ боварӣ доранд ва бетаваҷуҳ мешаванд. Аммо донишҷӯёни деҳотӣ, ки дар аввал дониши хуб надоранд дар натиҷаи ҷустуҷу ва талошҳо ҳатто аз ҳамсолонашон пеш мегузаранд.»
Ба назари коршиносон ҷавононе, ки аз русто ба пойтахт меоянд, танҳо дар сурати омузиши пайваста ва пуркорӣ метавонанд ба муваффақият ноил шаванд, аммо барои ин ба шароити беҳтари зист ниёз доранд.
Таваҷҷӯҳ: Хонандагони азиз, аксе, ки дар таърихи дуюми феврал дар паҳлӯи ин матн гузошта шуда буд, ҳеҷ иртибот ба матни мазкур ва мӯҳтавои он надошт ва надорад. Соҳиби ин акс донишҷӯи Донишгоҳи омӯзгорӣ нест ва истиқоматкунандаи хобгоҳи ин донишгоҳ намебошад. Истифодаи ин акс саҳван сурат гирифтааст.