Онҳо далел оварданд, ки вазъияти сиёсиву иқтисодии кишвар ба ташаннуҷ рӯ ба рӯст. Ба гуфтаи намояндагони мухолифи, гузашта аз ин дар робита ба вазъи саломатии президент Боқиев ягон иттилоъи дақиқ мавҷуд нест.
Аликбек Ҷекшенқулов, ҳамоҳангсози ҷунбиши мардумии «Барои адолат», иброз намуд, ки созмон додани гирдиҳамоиҳо ва тадобири дигари марбут ба он дар Қонуни асосии кишвараш тазаккур ёфтааст, вале дар ҳамин ҳол барои таъсиси анҷуман мақомот монеъаҳо эҷод кардаанд.
Оқои Ҷекшенқулов гуфт, ҷунбиши «Барои адолат» 12 апрели соли равон гирдиҳамоии худро баргузор хоҳад кард. Ба гуфтаи ҳамоҳангсози ин ҷунбиш, дар сурати мусоидат нанамудани ҳукумат дар баргузории анҷумани умумимардумӣ онҳо дар майдони марказии Алатоо гирди ҳам хоҳанд омад.
Абдуғанӣ Эркабоев, раиси парлумони иҷтимоъӣ, гуфт, президент Боқиев гаранти Қонуни асосӣ аст, вале вай дар хориҷ аз қаламрави кишвараш ба сар мебарад. Ӯ афзуд, ҷунбиши «Барои адолат» унвонии президент номаи расмӣ ироа намуд ва аз Боқиев дархост кард, ки дар мавриди ҷудо кардани яке аз толорҳои ҳукуматӣ мусоидат намояд.
Азимбек Бекназаров, раиси ба истилоҳ «Кумитаи инқилобӣ», дар пахши овозаҳо перомуни вазъи саломатии президент Қурмонбек Боқиев дастандаркорони ҳукуматиро гунаҳкор кард. Ба гуфтаи мавсуф, Боқиев президент аст, на намояндаи оппозисиюн, аз ин лиҳоз мардуми кишвараш бояд ҳар соат аз вазъи саломатии президент огаҳ карда шавад. Азимбек Бекназаров гуфт, аммо мақомот дар пахши овозаҳо намояндагони мухолифатро гунаҳкор карданианд.
Дар ҳамин ҳол Феликс Қулов, нахуствазири барканоршуда ва яке аз раҳбарони мухолифин, иброз дошт, ки дар Анҷумани умумимардумии кишвараш ширкат нахоҳад кард. Ба гуфтаи Феликс Қулов, дар моҳи апрел сафари кишвари хориҷиро барномарезӣ кардааст.
Ба ин тартиб Қирғизистон бозгашти президент Боқиевро аз кишвари Олмон интизор аст, зеро ба ҳамаи пешгӯиву овозаҳо маҳз ин бозгашти ӯ нуқта хоҳад гузошт.