Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Бемории Қурманбек Боқиев


Қ. Боқиев ҳангоми эъломи Рӯзи инқилоби мардумии Қирғизистон
Қ. Боқиев ҳангоми эъломи Рӯзи инқилоби мардумии Қирғизистон

24-уми март дар Қирғизистон рӯзи инқилоби мардумӣ эълон шудааст. Порлумони ин кишвар як ҳафта пеш пешниҳоди президент Қурмонбек Боқиевро дар мавриди рӯзи инқилоби мардумӣ эълон кардани 24-уми март ба тасвиб расонид ва ин рӯзро барои мардум рӯзи истироҳат таъйин кард.

Ин ҳам дар ҳолест, ки депутатҳои порлумони даъвати пешин чунин пешниҳоди президентро напазируфта буданд.
Имрӯзҳо сару садоҳо дар атрофи вазъи саломатии президент Боқиев доман фарох кардааст. Ҳатто овозаҳое паҳн шуд, ки президент чанд амалиёти ҷарроҳиро дар Олмон паси сар кардааст ва дар ҳамин ҳол ба вазъи саломатиаш хатаре таҳдид намекунад. Гузашта аз ин дар миёни мардум овозаҳои дигар низ паҳн шудааст, ки гӯиё президенти Қирғизистон бар асари ин беморӣ ҷони худро аз даст додааст.
Вале Медет Садирқулов, раиси дастгоҳи раёсати ҷумҳури Қирғизистон, ин овозаҳоро бепояву асос номид.
Ба гуфтаи раиси дастгоҳи раёсати ҷумҳур, Боқиев 28-уми март аз Олмон ба Бишкек бармегардад. Ӯ ҳамчунин гуфт, ки ним соат пеш бо президент дар тамоси телефонӣ буд ва Боқиев худро хеле хуб ҳис мекунад.
Ба гуфтаи Медет Садирқулов, зимни бозгашти Қурмонбек Боқиев ба майдони ҳавоӣ хабарнигорони зиёд даъват хоҳанд шуд ва онҳо итминон ҳосил хоҳанд кард, ки вазъи саломатии президент боиси ташвиш аст ва ё на.
Вале, ба гуфтаи коршиносони масоъили минтақавӣ, ташвишу изтиробҳои мардум беасос нестанд, зеро дар маросими таҷлили иди Наврӯз бидуни ширкати президент Боқиев гузашт.
Коршиносон меафзоянд, ки дар рӯзи инқилоби мардумӣ, ки худи Боқиев эълон кардааст, худи ӯ ҳузур надошт, ва ин ташвишу изтиробҳои мардумро афзоиш дод.
Ба таъкиди коршиносон, бо вуҷуди созмон додани маросими идона дар майдони марказии Алатоо, воқеъ дар шаҳри Бишкек, ки ба севумин солгарди инқилоби мардумӣ бахшида шуд, фазои идона эҳсос нашуд.
Дар ҳамин ҳол иддае аз намояндагони доираҳои сиёсии Қирғизистон тахмин мезананд, ки мақомоти Бишкек бозгашти президент Қурмонбек Боқиевро маҳз дар арафаи баргузории анҷумани умумимардумии қирғизҳо таъйин кардаанд, то ин ҳодиса аз анҷуман дида таваҷҷуҳи мардум ва хабарнигоронро бештар ба худ ҷалб намояд.
XS
SM
MD
LG