Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Қирғизистон аз инқилобаш таҷлил кард


Рӯзи 24 март Қирғизстон барои нахустин бор Рӯзи инқилоби мардумиро таҷлил кард.

Аз он рӯзе, ки бар асари тазоҳуроти густардаи мардум раҳбари пешин Аскар Оқоев кишварро тарк гуфт, се сол сипарӣ шуд. Он айём - айёми пуризтироб буд ва ҳанӯз ҳам дар зеҳни сиёсатмадорону шаҳрвандони оддӣ ҳиссиёти мухталифро ангезиш медиҳанд. Ва то ҳанӯз ҳам ба суоле посух меҷӯянд, ки ҳаводиси се сол пеш дар Қирғизистон рухдода оё воқеъан ҳам инқилоб буд? Роза Отунбоева, собиқ вазири хориҷаи Қирғизистон ва ҳоло раҳбари ҳизби Сосиал демократӣ, ҳизби мухолифи ҳукумат мегӯяд:

«Ҳар ҳодисаи бузурги таърихӣ ҳамеша пур аз ихтилоф аст. 24 март мардум сидқан бархостанд ва ин инқилоби воқеӣ буд. Мардум аз фасоду беадолатӣ ба ҷон расида буданд. Ва гуфтанд, ки мехоҳанд аз пайи Қонуни асосӣ раванд. Дар конститутсия навишта шудааст, ки раиси ҷумҳур метавонад фақат ду бор интихоб шавад ва аммо Аскар Оқоев ин нуктаи Қонуни асосиро пеши по зад ва дар ин кор ёваронаш кумак карданд. Додгоҳи Қонуни асосӣ ба ӯ иҷоза дод, ки бори саввум раиси ҷумҳур интихоб шавад. Ва аммо вақте мехост, ки бори чаҳорум ҳам интихоб шавад, мардум алайҳи ӯ бархостанд.»

Отунбоева аз он сиёсатмадорони қирғиз аст, ки ҳаводиси се сол пешро “инқилоби лолагӣ” мехонанд ва аммо мутмаинанд, инқилоб соли 2005 ум хатм нашуда буд ва ҳанӯз ҳам идома дорад. Ба гуфтаи хонум Отунбоева, тундбоди инқилоб Аскар Оқоевро аз маснаб канор андохт ва аммо ба ин курсӣ касе нишаст, ки аз раиси ҷумҳури пешин беҳтар нест:

«Ин рӯз дар сафҳаи таърихи Қирғизистон сабт хоҳад шуд. Ва аммо инқилоби мо, пирӯзии моро аз мо рабуданд. Мо фақат шоҳиди он шудем, ки як хонавода хонаводаи дигарро иваз кард. Вақте мо мавзӯъи таҷлил кардан ё накардани ин рӯзро баррасӣ мекардем, ман гуфтам, ки инқилоб ҳанӯз ҳам идома дорад. Афроде, ки се сол пеш моро ҳабс карданӣ буданд ва замони қудрати Оқоев соҳиби молу давлат шуданд, ҳанӯз ҳам дар ҳукуматанд ва аммо онҳое, ки инқилоб карданд, боз дар кӯча монданд. Маҳз барои ҳамин онҳо норозиянд.»

Баҳсҳо дар ҷомеъаи Қирғизистон дар мавриди чӣ гуна арзёбӣ кардани ҳаводиси рӯзи 24 марти соли 2005, инқилоб хондани ё нахондани он ва то куҷо бароварда шудани аҳдофи тазоҳургарон то ҳанӯз идома доранд. Мақомот мегӯянд, ки аксари талабҳои эътирозгарон иҷро шудаанд ва қабл аз ҳама, тақозои тағйири режими худкома. Сониян, дар кишвар ислоҳоти конститутсионӣ ба роҳ монда шуд ва соли гузашта дар раӣъпурсӣ мардум аз тарҳи нави Қонуни асосӣ ҷонибдорӣ карданд. Нурлан Шакиев, сухангӯи раиси ҷумҳури Қирғизистон мегӯянд, ки талаби саввуми эътирозгарон – аз беху бун баркандани фасод ҳам иҷро мешавад ва ӯ, дуву ним баробар боло рафтан, яъне аз18 миллиард соми се соли пеш то ба 50 миллиард сом расидани буҷаи кишварро намуна меоварад.

Ва аммо Медер Усонов, ки се сол пеш ба эътирозгарон дар вилояти Ҷалолобод раҳбарӣ мекард, бо ин ақида розӣ нест ва мегӯяд:

«Ягон талаби мардум иҷро нашудааст. Мо талаб доштем, ки замини моро нафурӯшанд ва ҳуқуқи мардумро поймол накунанд. Мо мехостем, ки порлумон пароканда шавад ва аммо он фақат баъд аз қариб се сол ва пас аз низоъҳои зиёд пароканда гардид. Ҳукумат роҳи дуруштеро пеш гирифтаааст, роҳеро, ки ҳукумати пешинро ба фирор маҷбур сохт. Мо акнун 24 мартро чун ид таҷлил мекунем вале ин шармандагист, зеро дар ин рӯз мақомоти Қирғизистон аз кишвар фирор карданд ва ин барои ҷумҳурии мо воқеъан шармандагист.»

Гуфта мешавад, интихоботи порлумонии соли гузашта бо пирӯзии ҳизби Оқ-Жол поён ёфт, бо пирӯзии ҳизбе, ки ҳамагӣ ду моҳ қабл аз ин маъракаи сиёсӣ бо пуштибонии раиси ҷумҳур таъсис шуда буд. Бори нахуст ҳизби раиси ҷумҳур дар маҷлиси қонунгузор ҷой ёфт ва инро бархе чун раванди манфӣ арзёбӣ мекунанд. Ва аммо аз сӯи дигар, аз се як ҳиссаи вакилони порлумони нав занонанд, дар ҳоле, ки ба порлумони пешин ягон зан раҳ наёфта буд.

Гуфта мешавад, ки бо вуҷуди эълони мубориза бо ришвату фасод ҳанӯз ҳам сару садоҳо дар мавриди бо фасод олуда будани мақомоти ҳукуматӣ зиёданд ва аҳзоби мухолиф ҳамчунин ба он нукта ишора мекунанд, ки хешу табор ва пайвандони раиси ҷумҳур ҳарчӣ бештар мақомҳои муҳими давлатиро соҳиб мешаванд. Зимнан, ин таборгарӣ дар ҳукумати Оқоев бештар рушд карда буд.

Ҳарчанд мақомот дар бораи рушди иқтисодии Қирғизистон ҳарф мезананд, ба тайиди коршиносон, рӯзгори аксари қирғизҳо беҳ нашудааст. Маоши миёна дар кишвар мусовӣ ба 40 доллари амрикоист ва аз ин рӯ ҳазорҳо сокинони кишвар барои пайдо кардани як пора нон ба Русияву Қазоқистон ва кишварҳои аврупоӣ муҳоҷират мекунанд. Дар ин солҳо сиёсати хориҷаи Қирғизистон низ қариб ки тағйир нахурдааст. Бишкек чун пештара Русияро ҳампаймони аслӣ ва муҳимтарин шарики тиҷории худ медонад ва дар равобити Қирғизистон бо дигар кишварҳои олам таҳаввуле ба чашм намерасад. Ва шояд чашмрастарин таҳаввул – зуҳури шакку шубҳа нисбати Қирғизистон аз сӯи дигар сарони ҷумҳуриҳои Осиёи Марказист, ки аз рух додани инқилобҳои ранга дар кишварҳояшон сахт ҳарос доранд.

XS
SM
MD
LG