Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Полис эътирозгарони арманро пароканда кард


Гирдиҳамоии мухолифин дар Ереван 10 рӯз идома дошт
Гирдиҳамоии мухолифин дар Ереван 10 рӯз идома дошт

Имрӯз, 1 март, полиси Арманистон гирдиҳамоии мухолифин дар маркази Ереванро бо истифода аз нерӯ пароканда кард.

Ин мардум 10 рӯзи ахир ба нишони норизоият аз натиҷаҳои интихоботи раёсатҷумҳур, ки моҳи гузашта баргузор шуд, намоиши эътирозӣ доир карданд. Раҳбари мухолифин ва намоиши эътирозии мазкур Левон Тер-Петросян ба ҳабси хонагӣ гирифта шуда пайравони ӯ боздошт гардиданд.

Садҳо намояндагони полис ва нирӯҳои вазорати дохилаи Арманистон соати ҳафти субҳи шанбе майдони Озодии Ереванро иҳота карда, барои саркӯби мардум аз калтаку чӯбдастҳо ва гази ашковар кор бурданд. Тибқи гузоришҳо, беш аз 20 тазоҳургар бо автобусҳо ба дафтарҳои полис интиқол дода шуданд. Шоҳидони айнӣ мегӯянд, ки чанд нафар маҷрӯҳ гардиданд. Собиқ раиси ҷумҳурӣ Левон Тер-Петросян гуфт, ки полис ӯро то манзилаш гусел карда, вайро ба ҳабси хонагӣ андохт.

Зимни тавзеҳи рӯйдодҳои субҳи шанбе Петросян дар сӯҳбат бо бахши армании радиои Озодӣ гуфт, мардум ором буд ва шумори зиёди нирӯҳои амниятӣ бо чӯбдастҳову шоки барқӣ омада, ба лату кӯби мардум шурӯъ карданд. Вай афзуд, касе ба мо чизе нагуфт ва бо мо музокира накард.

Намояндагони полис гуфтаанд, ки чанд афсари онҳо ҳам маҷрӯҳ шудааст, чунки дар миёни издиҳоми мардум нафароне бо силоҳ буданд. Полис намояндаҳои расонаҳои хабариро дафъатан аз майдон дур кард ва хаймаҳои муваққатии эътирозгаронро хароб карда, ба мошинҳо бор намуд.

Баъди интихоботи раёсатҷумҳурии рӯзи 19 феврал, ки бо пирӯзии нахуствазир Серж Саркисян, муттафиқи раиси ҷумҳурии феълӣ Роберт Кочарян анҷомид, намояндаҳои мухолифин ба нишони эътироз аз натиҷаҳои ин сабқат ба майдони Озодии Ереван баромаданд. Натиҷаҳои расмии раъйдиҳӣ ҳокӣ аз он аст, ки Саркисян 53 дар сад ва Левон Тер-Петросян 21,5 дар сади овозҳои мардумро бурдаанд.

Дар гузориши аввалияи САҲА гуфта шуд, ки интихоботи раёсатҷумҳурии Арманистон дар аксар маворид ҷавобгӯи меъёрҳои байналмилалӣ будааст. Натиҷаҳои интихоботро баъдан Иттиҳодияи Аврупо ва вазорати хориҷаи ИМА истиқбол карданд ва мардуми Арманистонро бо интихоботи "фаъол" ва "қобили рақобат" табрик карданд.

Мақомоти Арманистон гуфтанд, ки сабру тоқати онҳо нисбати тазоҳуроти мухолифин ба охир мерасад ва онҳое, ки ин намоишҳоро идома медиҳанд, нияти ғасби ғайриқонунии ҳукуматро доранд. Қабл аз рӯйдодҳои субҳи шанбе, Шӯрои Аврупо ва САҲА мардумро ба таҳаммул даъват карда ҳайати ИМА дар САҲА гуфт, ки Вашингтон аз боздоштҳои баъдиинтихоботии сиёсатмадорон ва басташавии иҷбории дафтарҳои мухолифин дар Арманистон изҳори нигаронӣ мекунад.

Баъди анҷоми интихобот, дасти кам 6 пуштибони Тер-Петросян бо иттиҳомоти мухталиф, аз ҷумла нигаҳдории силоҳ ва ҳамла боздошт шуданд.

XS
SM
MD
LG