Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Интихоботи Арманистон: Саркисян ғолиб мешавад


Серж Саркисян, нахуствазири Арманистон, дар интихоботи раисҷумҳури ин кишвар пешсаф аст
Серж Саркисян, нахуствазири Арманистон, дар интихоботи раисҷумҳури ин кишвар пешсаф аст

Тибқи натоиҷи қаблии интихоботи раисҷумҳури Арманистон, беш аз нисфи раъйдиҳандагон ба нахуствазири ин кишвар Серж Саркисян овоз додаанд.


Кумитаи марказии интихоботии Арманистон пас аз шумориши 90 дарсади овозҳо иттилоъ додааст, ки Серж Саркисян, нахуствазири Арманистон ҳудуди 53 дарсади раъйи мардумро ба даст овардааст.

Ҳамзамон ба рақибони аслии ӯ Левон Тер-Петросян, раисҷумҳури собиқи ин кишвар, ҳамагӣ 21 дарсад ва Артур Багдасарян, номзад аз ҳизби мухолифи «Дашнаксутюн», 17 дарсади ороро соҳиб шудаанд.

Шаш номзади дигар дар ин интихобот, ки аксаран раҳбарони аҳзобу ҳаракатҳои сиёсии Арманистон мебошанд, аз 6 дарсадӣ кам овоз ба даст овардаанд.

Вале намояндагони мухолифин натоиҷи муқаддамотии эълоншуда аз сӯи Кумитаи марказии интихоботии Арманистонро қабул накардаанд. Ба гуфтаи онҳо, дар интихобот ҳолатҳои зиёди вайронкунии қонун рух додааст ва ғолиби ҳақиқии интихобот намояндаи мухолифин Левон Тер-Петросян мебошад. Онҳо эълон намудаанд, ки дар ин робита имрӯз дар маркази шаҳри Ереван гирдиҳамоии эътирозӣ баргузор хоҳанд кард.

Натоиҷи интихоботи раисҷумҳури Арманистон расман шоми имрӯз эълон хоҳад шуд.
XS
SM
MD
LG