Ба хусус садои ду номзади умдаи мухолиф, собиқ раисиҷумҳур Левон Тер Петросян ва собиқ раиси парлумони кишвар Артур Багдасарян баланд буд.
Баъд аз овоздиҳӣ дар маркази Ереван, Тер Петросян ба радиои Озоди гуфт, ки интихобот бо тақаллубкориҳои зиёд сурат гирифт. Ӯ пирӯзии рақибаш Саркисянро дар даври якум пешгуӣ кард.
Каме дертар ҳамон рӯз муншии корзори интихоботии Тер Петросян Арман Мусинян ба иттиҳомот идома дода гуфт, ба ғайр аз ҳодисаҳои фарогирандаи пур кардани қуттиҳои интихоботӣ бо варақаҳои овоздиҳии тақаллубӣ ва хариди овозҳо, даҳҳо тарафдорони собиқ раисиҷумҳурро мавриди латукуб ё таҳдид қарор доданд.
Ҳамчунон ситоди интихоботии номзади дигари мухолифин - Багдасарян бо нашри эъломия ташкилкунандагони овоздиҳиро бо тарсонидани интихобкунандагон ва овоздиҳи бо варақаҳои тақаллубӣ муттаҳам намуда, аз ниҳодҳои интизоми таҳқиқи ҳамаи рӯйдодҳоро талаб намуд. Гуфта мешавад, дар рафти интихобот чанд ҳамла ба хабарнигорон низ қайд шудааст.
Пеш аз овоздиҳӣ Тер Петросян эълом карда буд, ки 20 феврал раҳпаймоии сулҳомези эътирозии ҷонибдоронаш дар робита ба ҳодисаҳо дар рафти интихобот баргузор мегардад.
Ин дар ҳолест, ки номзад аз ҷониби ҳукумат нахуствазири кунунӣ Серж Саркисян, ки ӯро раисиҷумҳур Роберт Кочарян пуштибонӣ мекунад, гуфт, рафти одилона ва мунсифонаи интихобот аз натиҷаҳои он ҳам муҳимтар аст.
Барои пирӯз шудан дар даври якум як номзад бояд беш аз 50 дар сади орои интихобкунандагонро соҳиб шавад. Шореҳон ҳадс мезаданд, ки Саркисян чунин имконро дорад. Дар ҳоле ки барои Тер Петросян ва Багдасарян мутахассисон ҷои дувумро муайян мекарданд, ва ҳадс мезаданд имкон дорад яке аз онҳо дар даври дувум бо Саркисян сабқат кунад.
Дар пешорӯи интихобот Том де Ваал, сардабири бахши қафқозии Пажуҳишгоҳи Ҷанг ва Сулҳ, мақараш дар Лондон, гуфта буд, натиҷаҳои интихобот ва эътирозҳоро бо мушкилӣ мешавад пешгӯи кард. Вай афзуд, вазъи Арманистон хеле нигаронкунандааст, чунки эҳтимол дорад мухолифин пирӯзии Серж Саркисянро дар даври якум қабул накунанд ва онҳо аллакай ба раҳпаймоиҳои эътирозӣ омодаанд.
Нозирон аз Созмони Амният ва Ҳамкории Аврупо ва дигар созмонҳои байнулмилалӣ аз рафти интихобот назорат мекарданд. Интизор аст баёнияи нозирони САҲА низ 20 феврал эълом гардад.