Қатъномаи Кумитаи равобити хориҷаи Конгресси Иёлоти Муттаҳида, ки дар он куштори арманиҳо аз сӯи туркҳои усмонӣ дар солҳои 1915 – 1917 чун наслкӯшӣ эътироф шудааст, хашми мақомоти Туркияро барангехт.
Абдулло Гул, раиси ҷумҳури Туркия, дар ин робита гуфт, ки қатънома барои кишвараш ғайри қобили қабул аст, зеро Туркия қатлиом унвон шудани ҳодисаро ҳеҷ гоҳ эътироф нахоҳад кард. Раҷаб Тайиб Эрдуғон, сарвазири Туркия, изҳор намуд, ки аз қабули санад на Иёлоти Муттаҳида суд хоҳад бардошт ва на Арманистон, бар изофаи ин равобити Иёлоти Муттаҳида бо яке аз муҳимтарин шариконаш дар минтақа заъифтар хоҳад шуд: «Арманистон нигоҳи мусбати худ ба фардоро аз даст хоҳад дод. Аз ин фақат ҷамъияти арманиҳо мафод хоҳад бардошт».
Ҷорҷ Буш, раисиҷумҳури ИМА, ки ба қабули ин санад ва истифодаи вожаи «қатли омм» мухолиф буд, аз он нигарон аст, ки тасмими кумитаи Конгресс метавонад ба ҳамкории Амрико бо Туркия, ҳампаймони калидияш дар мубориза бо терроризм, латма ворид кунад. Аз нигоҳи Кохи Сафед, шояд баъди қабули ин санад дастрасии Иёлоти Муттаҳида ба пойгоҳҳои низомии Туркия – пойгоҳҳои барои амалиёти низомӣ дар Ироқу Афғонистон басо зарур – маҳдуд шавад.
Дар ҳамин ҳол Ҳовиер Солана, масъули равобити хориҷаи Иттиҳодияи Аврупо, имрӯз дар Брюссел дар як нишасти хабарии муштарак бо Роберт Кочарян, раисиҷумҳури Арманистон, дар мавриди санади қабулшуда гуфт: «Мо дар воқеъ мехоҳем, ки ба фардо аз нигоҳи созанда бингарем ва тамоми талошро ба харҷ диҳем, то раванди мувофиқатеро, ки дар оилаи кишварҳои узви Иттиҳодияи Аврупо мавҷуд аст, кишварҳои ҳамсояи мо низ қабул кунанд».
Роберт Кочарян, дар навбати худ, қатъномаи Кумитаи равобити байнулмилалии Конгрессии Иёлоти Муттаҳидаро чун эътирофи беадолатии таърихӣ дар баробари арманиҳо арзёбӣ кард: «Мавқеъи мо равшан аст. Мо аз ин тасмими Кумита истиқбол мекунем ва умедворем ин раванд ба он меоварад, ки Иёлоти Муттаҳида қатли оми арманиҳоро комилан эътироф хоҳад кард».
Дар ҳамин ҳол ҷамъияти арманиҳо – яке аз ҷамъиятҳои бонуфузи Иёлоти Муттаҳида - солҳо боз талош дорад, ки Амрико куштори арманиҳо дар солҳои 1915 – 1917-ро чун қатли омм ё наслкушӣ эътироф кунад. Гуфта мешавад, то имрӯз 20 кишвар ин кушторро наслкушии арманиҳо хондааст.