Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Даргузашти нахуствазири Арманистон


Дар паи даргузашти нахуствазири Арманистон рӯзи якшанбе, раиси ҷумҳурии ин кишвар Роберт Кочарян як нишасти изтирории аъзои ҳукуматро баргузор кард.

Нахуствазир Андраник Маргарян, раиси ҳизби ҳокими ҷумҳурихоҳи ин кишвар рӯзи якшанбе дар синни 56-солагӣ дар манзилаш дар натиҷаи сактаи қалбӣ даргузашт.

Маргарян ҳафт соли охир нахуствазири Арманистон буд.

Тигран Торосян, раиси парлумони Арманистон ва як узви фаъоли ҳизби ҷумҳурихоҳ дар шаҳри Ереван зимни сӯҳбат ба бахши армании радиои Озодӣ гуфт:

"Ин як такони бузург аст барои давлат, барои мардум ва барои ҳизб, чунки солҳои зиёд Андраник Маргарян яке за сутунҳои муҳими мо буд. Дар сурати ихтилофи назарҳо вай барои наздик кардани мавқеъҳои аз ҳам дур нақши калидиро иҷро кардааст. Ташаккур ба талошҳои вай, чунки мо тавонистем ҳар гуна ҳодисаҳои ногаҳониро сарфи назар кунем"

Маргарян шурӯъ аз соли 2000-ум раиси ҳукумати Арманистон будааст. Қабл аз ин, солҳои 90-ум вай муовини раиси парлумон буда дар аҳди Шӯравӣ дар чандин вазифаҳои давлатӣ кор кардааст.

Таъйини Маргарян ба вазифаи нахуствазири Арманистон ба давраҳои таниши сиёсӣ рост омад, вақте моҳи октябри соли 1999 дар натиҷаи як ҳамлаи мусаллаҳона ба парлумон 8 сиёсатмадор, бо шумули нахуствазир Вазген Саркисян ба ҳалокат расиданд.

Тибқи гузоришҳо, эҳтимол меравад, ки Кочарян як шахси муваққатро ба вазифаи нахуствазирӣ таъйин мекунад, то ки кишвар бидуни мушкил интихоботи парлумонии 12 майро баргузор кунад.
XS
SM
MD
LG