Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҷинояткорӣ дар артиши миллии Тоҷикистон


Додгоҳи олии Тоҷикистон мегӯяд, дар соли 2007 беш аз 600 низомии қувваҳои мусаллаҳи ин кишвар ба маҳкама кашида шуданд.

Ба гуфтаи Сайфулло Гиёев, муъовини раиси додгоҳи олӣ, ҷиноятҳои маъмул дар миёни низомиён иборат аз сӯистифода аз мақом, бадрафторӣ ва ҷабру зулм ба сарбозон аст, ки гоҳҳо ба худкушиву худсӯзии онҳо оварда мерасонад. Барои мисол ахиран дар вилояти Бадахшон ва як моҳ қабл дар вилояти Хатлон ду сарбози навхизмат худкушӣ карданд, ки бадрафторӣ ба онҳоро аз иллати аслии ноумед шудани ин ҷавонон аз зиндагӣ медонанд.

Сайфулло Гиёев дар ин маврид гуфт, соли 2007 616 ходими ҳарбӣ ба маҳкам кашида шудаанд, ки аз онҳо 80 нафарашон афв гардиданд. Ва ин ҳам дар ҳолест, ки соли гузашта 566 низомӣ бо гуноҳҳои мухталиф аз озодӣ маҳрум шуданд. Ҳамчунин дар соли гузашта ҳодисаҳои раво дидани шиканҷа нисбати сарбозон, ки ба худукушии онҳо анҷомидааст, ҷой доштанд. Сайфулло Гиёев аз ҷумла афзуд, дар миёни маҳкумшудагон сарбозоне низ ҳастанд, ки аз хизмат фирор намудаанд. Ҳамзамон вазорати дифоъи Тоҷикистон аз шарҳи ин омор ва гуфтаҳои додгоҳи олӣ худдорӣ кард.

Фирор ва ё сарпечии ҷавонон аз хидмат дар артиш чизи ғайримаъмулӣ дар Тоҷикистон нест. Комил - як ҷавони тоҷик бо вуҷуди чандин маротиба гирифтани даъватномаи ҳарбӣ на ба лашкари Тоҷикистон балки ба лашкари муҳоҷирони корӣ дар Русия пайвастааст.


Коршиносон таъкид мекунанд, ки яке аз сабабҳои фирори сарбозон ва сарпечии ҷавонони тоҷик аз хизмат маҳз шиканҷа ва бадрафтории афсарон бо сарбозон дарр артиши миллӣ будааст. Таъмини номуносиб ва ғизоҳои бетаъму бевитамин сабаби дигарест, ки ҷавононро аз артиш метарсонад.

Коршинос Шӯҳрат Қудратов афзоиши мавориди бадрафториву шиканҷа дар сафҳои артишро қабл аз ҳама дар беҷазо мондани бадрафторон медонад. Дар ҳоле, ки аксаран сарбозони тоҷик аз бадрафториву таъмин набуданашон бо хӯроки гарму шароити хуби будубош шикоят мебаранд, Шералӣ - як сарбози қувваҳои мусаллаҳи Тоҷикистон вазъи сарбозонро дар ҷузъу томҳои артиши миллӣ нисбати чанд соли қабл хуб арзёбӣ мекунад.

Бо ин ҳама мақомоти давлатӣ мегӯянд, беҳбуди шароити хизмат дар сафҳои артиши миллӣ теъдоди ҷавононеро, ки ихтиёрӣ ба хидмат меоянд, афзоиш додааст.

XS
SM
MD
LG