Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Зиндонӣ шудани чаҳор марзбон


Ба гуфтаи Муслим Худойбердиев - додраси додгоҳи низомии Суғд ва раиси бозбинии парвандаи марзбонон, бо ҳукми додгоҳ муовини сарвари қароргоҳи марзбонон, афсар - Нарзулло Сафаров ба даҳ соли зиндон, ду сарбози ин қароргоҳ: Гулмурод Мирзоев ва Маҳмадулло Икромов ба ҳаштуним ва сарбози сеюм - Мирҷамол Рустамов ба нуҳ соли зиндон маҳкум шуданд. Додгоҳ ин нафаронро барои нақзи қоидаҳои хидмати низомӣ, суиистифода аз мақоми хидматӣ ва қасди дуздии амволи ғайр мутобиқи бандҳои асноди ҷиноии Тоҷикистон гунаҳкор донистааст. Додрас - Муслим Худойбердиев зимни эълони ҳукм гуфт, ки ин чаҳор сарҳадбон, дар шаби 12 май, ки ба қароргоҳи марзбонон дар Исфара як гурӯҳи силаҳнок ҳамла овард, маҳали посбонии худро ба қасди дуздии ҳезум аз як мазраъ тарк карда буданд.

Аммо як пайванди сарбоз -Мирҷамол Рустамов, ки дар суҳбат бо Радиои Озодӣ худро Мирзоанвар муаррифӣ кард, ҳукми додгоҳро нисбати марзбонон ғайриодилона хонд ва гуфт:

«Ӯ айбдор нест. Ӯро, комиссариати низомӣ ба пастии қад ва камии вазнаш нигоҳ накарда, маҷбуран ба хидмати ҳарбӣ гирифта, ба сарҳад фиристода буд.»

Ёдовар мешавам, дар шоми 12 - уми май як дастаи силаҳнок ба қароргоҳи марзбонони хобида дар мавзеи Лаққони ноҳияи Исфара шабохун зад, се сарҳадбонро ҳадафи тир қарор дод ва бо 17 силоҳи худкор, як мусалсал ва садҳо дона тир ба қаламрави вилояти Ботканди Қирғизистон фирор кард.
XS
SM
MD
LG