Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Тақозо барои манъи фоҳишагарӣ


Маҳмадназар Солеҳов, вазири умури дохилаи Тоҷикистон гуфт, тарҳи ҷадиди қонунеро барои ҷилавгирӣ аз кори танфурӯшон ба Маҷлиси Намояндагон ироа хоҳанд кард.

Маҳмадназар Солеҳов, вазири умури дохилаи Тоҷикистон, гуфт, фоҳишагарӣ то ҳанӯз ҳамчун амали ғайриахлоқӣ дониста мешуд, на ғайриқонунӣ. Аммо баъд аз тасвиби ин тарҳи қонун фоҳишагарӣ низ ба зумраи амалҳои ҷиноӣ ҳамроҳ мешавад ва дар нисбати фоҳишагарон парвандаи ҷиноӣ боз хоҳад шуд.

Вазири умури дохилаи Тоҷикистон афзуд, қонуни кайфарии кишвар то ҳанӯз барои танфурӯшӣ муҷозоте пешбинӣ накардааст ва аз ин афрод танҳо ҷарима ситонида мешавад. Вале ба гуфтаи оқои Солеҳов, афроди далла, ки аксаран занонро барои руспигарӣ водор месозанд, мавриди пайгарди қонунӣ қарор мегиранд. Ба ин далел, танҳо дар соли гузашта дар нисбати 100 шаҳрванди Тоҷикистон парвандаи ҷиноӣ боз шудааст.

Мақомоти расмӣ мегӯянд, дар соли гузашта дар кишвар ҳудуди 3 ҳазор танфурӯшро ба қайд гирифтаанд ва танҳо дар Душанбе ҳуввияти бештар аз ҳазор зани машғули фаҳшо ошкор шудааст. Аммо ба эътиқоди соҳибназарон, теъдоди воқеъии занони танфурӯш дар Тоҷикистон аз арқоми мақомоти расмӣ бамаротиб бештар будааст.

Абдусамад Султонов, ҳуқуқдони тоҷик, пешниҳод ва таҳияи чунин як тарҳи қонунро бар ҷилавгирӣ аз кори фаҳшо ғайриқобили қабул медонад. Оқои Султонов мегӯяд, ин қонун кор нахоҳад кард ва ҳам пайомади хубе нахоҳад дошт.

Се моҳи қабл дар як ҳамоиш дар Душанбе қонунӣ сохтани руспигарӣ мавриди баҳсу баррасӣ қарор гирифт. Идораҳои ғайрирасмӣ ва ҳам иддае аз соҳибназарон қонунӣ сохтани танфурӯширо яке аз роҳҳои аслии ҷилавгирӣ аз афзоиши мавориди фаҳшо унвон карданд. Вале намояндагони ниҳодҳои давлатӣ ин пешниҳодро барои Тоҷикистон ношоиста ва барои фарҳанги мардуми кишвар бегона хондаанд.

XS
SM
MD
LG