Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Бозгардони занони тоҷик аз Дубай


Бино ба гуфтаи Нигина Муҳаммадҷонова, намояндаи Созмони Ҷаҳонии Муҳоҷират, як гурӯҳ занҳои тоҷик, ки аз зиндонҳои Дубай ба кишвар баргардонда шудаанд. унвонии Эмомалӣ Раҳмонов, президенти Тоҷикистон нома ирсол намуда тақозо намудаанд, ки дар баргардондани занони дигаре, ки бо роҳи фиреб ба Имороти Араб бурда шуда ба ғуломӣ ва танфурӯшӣ ҷалб шудаанд, мусоидат намояд:
"Дар нома ин занҳо аз раиси ҷумҳур хоҳиш кардаанд, ки ба шахсоне ки ба қочоқи одамон машғуланд,ҷазои сахт дода шавад, то дигар шарафу номуси занҳои тоҷикро бо пул иваз накунанд."

Дар ҳамин ҳол, Ҳумдин Шарифов, вазири умури дохилаи Тоҷикистон, зимни як нишасти хабарӣ дар ҳузури хабарнигорони дохиливу хориҷӣ дар робита ба ин мавзӯъ гуфт, ин иқдоми ҳукумати Тоҷикистонро метавон нахустин иқдом дар миёни кишварҳои минтақа номид. Ҷаноби Шарифов гуфт.
"Бо дархости президенти кишвар як комиссияи босалоҳият дар Иморот кор карда истодааст ва 12 занро аз онҷо ба кишвар баргардонданд. Ин занҳо ҳоло табобат мегиранд."

Талбак Назаров, вазири умури хориҷаи Тоҷикистон бо ишора ба кори комиссияи ҳукуматӣ дар робита ба баргардондани шаҳрвандони тоҷик аз кишвари Имороти Араб гуфт, беш аз бист рӯз аст, ки бо дастури раиси ҷумҳури Тоҷикистон комиссияе иборат аз намояндагони ниҳодҳои масъул ва ҳамчунин муовини вазири умури хориҷаи кишвар ҷиҳати ошкор ва баргардондани занону духтарони тоҷик аз Дубай дар ин шаҳр фаъолият дорад. Ҷаноби Назаров афзуд, қарор аст, дар рӯзҳои наздик чил зани тоҷик аз зиндонҳои Имороти Араб ба кишвар бозгардонда шаванд:
"Як мушкили аслӣ ҳамин хариду фурӯши одамон, бахусус занон мебошад, ки ҳукумати кишвар ба ин масъала таваҷҷӯҳи хоса медиҳад. Мана 20 рӯз аст, ки як комиссия бо сарварии як муовини ман дар Имороти Араб аст ва барои баргардондани шаҳрвандони тоҷик кор карда истодаанд."

Аммо Гулчеҳра Мирзоева, раиси созмони ғайридавлатии "Модар" бо изҳори таасуф баён дошт, ба ҳайати ин комиссия намояндагони созмони мазкур ворид карда нашудаанд. Вай мегӯяд, ин дар ҳолест, ки онҳо бо мушкилоти хариду фурӯши занон ва ҷалби эшон ба ғуломиву танфурушӣ маълумоту малакаи бештар доранд ва метавонистанд дар баргардондани ин занҳо беҳтар мусоидат намоянд:
"Мехостем мо ҳам дар ин ҳайат бошем, зеро мо маълумоту маводи зиёд дар ин бора дорем ва мехостем дар онҷо рафта ин мушкилотро бештару хубтар омӯзем, аммо моро ба ин ҳайат дохил накарданд, шояд дар оянда моро ба инобат мегиранд."

Тибқи маълумоти Созмони Ҷаҳонии Муҳоҷират, феълан, бо мусоидати комиссияи ҳукуматӣ 18 зан аз зиндонҳои Имороти Муттаҳидаи Араб ба ватан баргаштаанд ва бо кӯмакҳои равониву тиббӣ ва ҳамчунин бо хӯроку либос таъмин гаштаанд. Тибқи омори расмӣ, феълан, беш аз дусад зани аз 18 то 30 сола, ки бо роҳи фиреб аз қаламрави кишвар берун рафтаанд, дар зиндонҳои кишварҳои арабӣ, Туркия ва Русия ба сар мебаранд.
XS
SM
MD
LG