Ҳавои сард ва зимистони қаҳратун дар Тоҷикистон, бавижа дар пойтахт, дар ҳоле омад, ки чун солҳои қаблӣ ағлаби сокинон ба он омода набуда, шароити хуби зимистонгузаронӣ низ надоштанд. Бар илова, зиндагии пурмашаққати сокинони бисёре аз маҳаллаҳоро, қатъи ҳамарузаи неруи барқу газ ва оби ошомиданӣ сангинтар кардааст.
Барои огоҳии бештар аз вазъи зиндагии сокинони пойтахт мо тасмим гирифтем аз хонаҳои чанде аз онҳо дидан кунем. Нахуст мо аз манзили хонум Сайида, як зани бознишастае, ки дар ноҳияи Исмоили Сомонӣ ба сар мебарад, дидан кардем. Ӯ дар як хонаи сарду торике, ки дар он як шамъи фурузон каме равшанӣ мекард, дар гирди сандалии на чандон гарм нишаста ба наберагонаш афсона қисса мекард. То ин ки онҳо то сард гаштани сандалӣ ба берун набаромада, каме гарм шаванд....
Духтари хонум Сайида низ, ки дар яке аз биноҳои бисёрошёнаи маҳаллаи Зарафшон зиндагӣ мекунад, бо иллати чанд рӯз пайи ҳам надоштани барқ бо фарзандони хурдсолаш ба хонаи модараш омадааст. Аммо мегӯяд вазъ дар ин ҷо низ ҳамон аст. Бо ин зан ман дар сари оташдон зимни таҳияи хурок суҳбат кардам.
«Эҳ, додарҷон, мо қариб чор руз шуд барқ надорем. Аз худи Зарафшон омадам, газ нест, барқ нест, об нест, турбаҳо ях кардаанд. Ин ҷо дар хонаи модарам низ барқ нест. Хайр, ҳавлӣ боз дигар чуб ёфта камтар хурок мепазем».
Аз шиддати сардӣ, ки чубҳо нам гирифта буданд, оташи оташдон ба зудӣ фурузон намешуд. Аз тарафи дигар, шамоли сард оташро хомуш карда дудро ба ҳар тараф пароканда мекард, ки он боиси хуруҷ кардани сулфаи кадбонуҳо мегардид. Ба гуфти Нилуфар, набераи хонум Сайида аз сардиии хонаҳо ӯ ва аҳли оилаашон сармо хурдаанд....
Ба гуфти сокинони ин манзил, онҳо аз набуди неруи барқ ва газ дар ҳоле азият мекашанд, ки сар аз соли нав қимати истифодабарии он ба маротиб афзудааст. Мусоҳибонам мегуянд, гарон шудани нархи истифодаи газу барқ онҳоро водор месозад, ки дар зиндагии бе ин ҳам миёнаҳоли худ аз бисёр чизҳои дигар худдорӣ кунанд:
«Қарздор мешавӣ, зиндагӣ пеш намеравад, ягон чизи нағз хурда наметавонӣ. Газро чи хел истифода мекунӣ дар хонаҳои бисёрошёна, ки ҳар рӯз таркиш шуда истодааст».
«Аз берун дида хона хунуктар аст. Болои ин маошамон кам, чизи нағз намеёбем, ки хӯрем дар ин хунукӣ. Дору қимат. Як тангае, ки меёбӣ ба роҳкиро сарф мешавад»
Ба хонаи Абдураҳим, сокини дигари пойтахт меравем, ки онҳо низ бо тифлони хурдсоли худ дар торикӣ нишаста буданд. Баробари шунидани мақсади мо онҳо аз шароити вазнин ва азияти худ дар ҳуҷраҳои сард чунин шикоят карданд.
«Хайр, мо як бало карда тоқат мекунем, аммо ин кудакҳо чи кор мекунанд? Ягонҷояшон дард кунад, шароити табобат кардан нест. Офарини занҳо, ки руз то бегоҳ дар хонаанд.»
Хабарнигори Озодӣ: «-Шумо кудаки 6-моҳа доред, махсусан кудаки хурдсол сардиро зуд ҳис мекунад. Чи кор мекунед?»
«Як ҳафта шуд дар гаҳвора аст, шабу руз. Кудакҳоро дар курпаҳо печондагием, руйҳошон ях кардаанд, руяшонро пушонида нашавад».
Аммо ба назари ин мусоҳибонам, ки пайвандонашон дар хонаҳои бетонӣ ва бисёрошёна ба сар мебаранд, вазъ дар хонаҳои заминӣ нисбатан беҳтар аст. Зеро метавонанд ҳади ақал бо ҳезум ва ё қоғазпораҳо чойю хурок таҳия созанд.
«Офарини одамҳое, ки дар сексия зиндагӣ мекунанд.
Модарам мегуяд, ки мо шароити хубтар дорем ки оташ мекунем, онҳо аслан ин имконотро надоранд».