Ҷамила Байдуллоева, раҳбари Маркази ҳавосанҷии Тоҷикистон ба Радиои Озодӣ гуфт, шаби дирӯз ҳарорати ҳаво дар Душанбе ва водиҳои ҷанубу марказ то -14 дараҷа сард шуда буд, дар Суғд ин сардӣ то -19 расида буд, дар Мастчоҳи Нав то -21 дараҷа сард шуда буд.
Хонум Байдуллоева ин гуна сардиро ғайримуқаррарӣ намедонад, аммо мегӯяд, ба ҳар ҳол, Тоҷикистон шоҳиди ин гуна сардиҳо дар солҳои 30, 60 ва авоили 80-и қарни гузашта гардида буд. Маркази ҳавосанҷии Тоҷикистон гуфт, шабҳои наздик ҳаво дар Тоҷикистон боз сардтар мешавад ва рӯзҳои алоҳида эҳтимолан дар марказ ва ҷануб то -15 ва дар Суғд то -20 сард шавад.
Хонум Байдуллоева гуфт, ин сардиҳо то охири даҳаи дувуми январ идома хоҳанд ёфт. Сабаби асосии сардиҳои феълии Тоҷикистон дар вуруди ҳавои сард аз Сибир будааст.
Дар ҳамин ҳол, қатъи нерӯи барқ дар бархе аз манотиқи ҳатто пойтахти Тоикистон мушоҳида мешавад.