Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Pоҳкиро гарон шуд


Болоравии нархи маводи сухт арзиши роҳкиро дар нақлиёти мусофирбари Панҷакентро низ афзуд. Aкнун, тангему маршруткаҳое, ки қаблан мутаносибан 50 ва 40 дирам роҳкиро меситониданд, аз мусофирони худ 70 дирам талаб доранд.

Тангем ва маршруткаҳо танҳо василаи нақлиёти мусофирбари дохилӣ дар Панҷакент мебошанд. Дар шаҳр 5 хатсайр мавҷуд аст. Автобус намегардад. Афзоиши нархи роҳкиро мусофиронро нигарон сохтааст ва ронандаҳоро низ хуш наомадааст. Мусофирон мегӯянд, дар баробари ин қимматиҳо чанд рӯзи ахир, афзоиши роҳкирои дохилӣ бори бе ин ҳам сангини зиндагии онҳоро сангинтар мегардонад. Ронандаҳо мегӯянд, масрафоти зиёде доранд, аз қабили андозу патенту таъмири мошин ва иллати болоравии нархи роҳкироро дар афзоиши арзиши маводи сухт медонанд.

Мақомоти шаҳр мегӯяд, айни замон ин масъаларо баррасӣ дорад. Мақомот аз шарҳи бештар худдорӣ карданд.

XS
SM
MD
LG