Нархи равған дар Панҷакент боло рафта, ҳамакнун як литр равғани растанӣ ба даҳ сомонӣ фурӯхта мешавад. Як бушкаи панҷлитраи равған, ки якуним моҳ қабл 19 сомонӣ арзиш дошт, ба 50 сомонӣ расидааст. Дар бозорҳо равған камчин шудааст. Мардум аз болоравии нархҳо нигаронанд. Фурӯшандаҳо иллати болоравии қиммати равғанро дар афзоиши нархи он дар бозорҳои шаҳрҳои калон ва ҳамчунин, қиммат шудани роҳкиро медонанд.
Ба Панҷакент аз Хуҷанд, Истаравшан ва Душанбе равған меоранд.Як миқдор равғане ки дар корхонаҳои хурди хусусӣ тавлид мешавад, талабот ба ин навъи маводро дар ноҳия қонеъ намегардонад.