Дастаи «Регар» ТадАЗ-и Турсунзода, ки дар меҳмонӣ бар тими «Энергетик»-и Душанбе бо натиҷаи 3 : 0 пирӯзӣ ба даст овард, бо 45 имтиёз аз 15 дидор мавқеъашро дар зинаи аввали ҷадвали мусобиқот боз ҳам устувор кард.
Муддаъии дигари унвони қаҳрамонӣ - дастаи «Парвоз»-и Бобоҷон Ғафуров низ бар тими мизбон - «Хуҷанд»-и Хуҷанд бо натиҷаи 3 : 1 ғолиб шуд ва бо 42 имтиёз аз 17 дидор дар ҷои дуввум мебошад. Вале «Парвоз» нисбати рақиби аслиаш – «Регар» ТадАЗ ду бозӣ бештар анҷом додааст.
Дастаи «Тоҷиктелеком»-и Қӯрғонтеппа дар майдони худ ба дарвозаи CSKA «Помир»-и Душанбе 3 голи беҷавоб зад. Бозии дастаи «Вахш»-и Қӯрғонтеппа дар Душанбе бо тими «ХИМА» бо натиҷаи мусовӣ ва бидуни гол хотима ёфт. Рақобати ду дастаи шаҳри Душанбе – «Динамо» ва «Гвардия» бо ҳисоби 1 бар 1 анҷом пазируфт.
Бад-ин тартиб, дастаҳои «Вахш», «Тоҷиктелеком» ва «ХИМА» барои дарёфти медалҳои биринҷии мусобиқот талош доранд. «Вахш» бо 34 имтиёз дар ҷои севвум, «Тоҷиктелеком» бо 33 имтиёз дар ҷои чаҳорум ва «ХИМА» бо 28 имтиёз дар ҷои панҷум қарор гирифтаанд. Аммо «ХИМА» ду бозӣ камтар кардааст.
Мавқеъи дастаҳо дар ҷадвали мусобиқот то рӯзи 24-уми ноябр:
1 | «Регар» ТадАЗ | 45 имтиёз | 15 бозӣ |
2 | «Парвоз» | 42 | 17 |
3 | «Вахш» | 34 | 18 |
4 | «Тоҷиктелеком» | 33 | 18 |
5 | «ХИМА» | 28 | 16 |
6 | «Хуҷанд» | 25 | 18 |
7 | CSKA | 22 | 19 |
8 | «Динамо» | 19 | 17 |
9 | «Энергетик» | 15 | 17 |
10 | «Гвардия» | 6 | 18 |
11 | «Саройкамар» | 6 | 19 |
Бозиҳои навбатии мусобиқоти қаҳрамонии лигаи олии футболи Тоҷикистон рӯзи 24-уми ноябр баргузор мешаванд. «Парвоз» дар майдони худ бо «Гвардия», CSKA «Помир» бо «Регар» ТадАЗ, «Динамо» бо «Энергетик» ва «ХИМА» бо «Тоҷиктелеком» рақобат хоҳанд кард.