Яке аз сокинони ноҳияи Панҷакент гуфт, ҳамарӯза боло рафтани қимати маводи ғизоӣ ва ба замми ин афзоиш ёфтани нархи роҳкиро бо иллати болоравии қиммати маводи сӯхт боиси сангин гаштани рӯзгори мардуми минтақа шудааст. Ислом Бобоев, яке тоҷирони пойгоҳҳои маводи сӯхти ноҳияи Панҷакент, мегуяд, бино бар тайи як ҳафтаи ахир дар фурӯшгоҳҳои шаҳри Хуҷанд боло рафтани нархи бензин, дар нуқтаҳои маводи сӯхти водӣ низ нархи он афзудааст.
Ба таъйиди ҳамин манбаъ, як ҳафта қабл агар тоҷирони водӣ як тонна бензинро аз шаҳри Хуҷанд бо қиммати 2400 сомонӣ харидорӣ менамудаанд, вале дар ҳоли ҳозир нархи ин миқдор бензин 2700 сомонӣ шудааст. Ба замми ин, меафзояд ӯ, қиммати доллар ва роҳкиро низ ба маротиб боло рафтааст.
Дар ҳамин ҳол ронандагони микроавтобусҳои хатсайрҳои дохили шаҳри Панҷакент иброз накмуданд, ки болоравии бензин боиси мушкилоти ронандагон ва афзоиши қимати роҳкиро шудааст. Болоравии қимати маводи сӯхт дар ҳолест, ки ахиран дар водии Зарафшон нархи маводи хурока низ ба суръат афзоиш меёбад ва тайи як ҳафтаи ахир қимати 1 килограм равғани растанӣ аз 9 сомонӣ то ба 12 сомонӣ ва нархи 1 халта орд аз 110 сомонӣ то ба 130 сомонӣ боло рафтааст, ки боиси изтироби шадид ва нигаронии сахти мардуми минтақа шудааст.