Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Хазинаи гаронбаҳотарин осори таърихии Тоҷикистон


Осорхонаи миллии бостонии Тоҷикистон дар соли 1996 таъсис шуда ва дар соли 2000 баъди таъмири бино ва ҷобаҷоии нигораҳо дари худро барои бинандагони осори бостонӣ боз кардаст. Ин осорхона муҷаҳазтарин аз осорхонаҳои Тоҷикистон аст. Пайкараи 13 метрии Буддо дар ин осорхона нигаҳдорӣ мешавад, ҷолибтарин осор аз ҷамъи 5 ҳазор намунаи осори ин марказ аст.

Ин пайкараи Буддо акнун баъди он ки ду пайкараи он дар Бомиёни Афғонистон бо дасти Толибон нобуд сохта шуд, ҷолибтарин ва қадимтарин пайкараи то кунун бозёфтшуда аз Буддо мебошад. Ва осорхонаи бостоншиносии Тоҷикистон ба далели нигаҳдории осори нодири бостонӣ, аз ҷумла ҳамин пайкараи Буддо борҳо, кӯмаки кишварҳо ва созмонҳои хориҷиро дарёфт кардаст. Аз ҷумла Ҷопон чанд навбат кӯмакҳои молӣ ва техникӣ дар ихтиёри ин осорхона қарор додаст. Сайидмурод Бобомуллоев аз таърихи бозёфти пайкараи Будо мегӯяд:

"Муҷассамаи Буддо соли 1966 аз тарафи бостоншиносон дар маҳалли Аҷинатеппа наздики шаҳри Қӯрғонтеппа ҳаффорӣ шудааст ва то соли 1977 комилан аз зери хок берун ва ба институти таърих оварда ва сипас дар инҷо тармим карда шуд. Ин муҷассамае ки дар Тоҷикистон ҳаст, пас аз тахриби муҷассамаҳои Бомиён қадимтарин муҷассамаи Буддо аст, ки дар ҳолати нирвана боқӣ мондааст."

Пайкараи Буддо, ки дар осорхонаи Тоҷикистон нигаҳдорӣ мешавад, ба гуфтаи бостоншиносон дар асри XI даври мо сохта шудааст. Пайкараҳои Буддои Бомиён, ки дигар нестанд, ба асри чаҳор тааллуқ доштанд. Ба гуфтаи доктор Бобомулоев, бозёфтҳои ахир аз он шаҳодат медиҳад, ки дар воқеъ дини буддоӣ дар қисмате аз сарзаминҳои эронӣ, аз ҷумла Тоҷикистон ва Афғонистони имрӯз низ густариш доштааст.

Дар осорхонаи бостоншиносии Тоҷикистон панҷ ҳазор намунаи осор ва нигора нигаҳдорӣ мешавад, ки тамоми он аз қаламрави Тоҷикистони имрӯз бар асари ҳафриёт бозёфт шудааст. Ин осор ба се давраи бостон асри санг, асри биринҷ ва давраи оҳан бармегардад. Ин осорест, ки аз соли 1946 то кунун аз ҷониби гурӯҳҳои бостоншиносии шӯравии пешин ва Тоҷикистон бозёфт шудааст. Ва то кунун дар таҳхонаҳои Пажӯҳишгоҳи таърихи Фарҳангистони Улум нигаҳдорӣ мешуд.

Аммо тозатарин намунаи бозёфтшуда аз ковишҳои бостоншиносӣ дар Панҷакати қадим, сиккаҳои марбут ба сарбадорон бо зикри номи Абумуслими Хуросонист, ки як моҳи пеш ба осорхона ворид шудааст. Бобомуллоев мегӯяд, ин бозёфтҳо иддаои муаррихонеро, ки мегӯянд, хуросонӣ хилофати исломиро қабул надошт, собит мекунад.

Дар ҳоли ҳозир дар чанд минтақа ковишҳои бостоншиносӣ аз ҷумла дар Панҷакати қадим, дар Кӯлоб идома дорад. Ва ҳар осори ба дастомада нишоне аз тамадуни мардумони ин сарзамин дар аҳди қадим аст. Ва ҳеҷ яке нигораҳои ин осорхона камтар аз 500 сол умр надорад.
XS
SM
MD
LG