Рӯзи душанбеи 26 феврал дар Додгоҳи ноҳияи Шоҳмансури пойтахт мурофиаи Александр Кулемин, собиқ корманди пажӯҳишгоҳи таърих ва бостоншиносии фарҳангистони улуми Тоҷикистон шурӯъ шуд. Зебо Абдураҳмонова, раиси мурофиаи додгоҳ дар сӯҳбат ба радиои Озодӣ гуфт, Александр Кулемин бо ҷурми рабудани беш аз 90 ашё ва нигораи таърихӣ аз Фарҳангистони улум муттаҳам шудаааст.
«Ашёи аз Александр Кулемин боздоштшударо дастпонаҳои фулузин, ангуштарину пайкону тиру камонҳои биринҷӣ, кӯзаву косаҳои антиқа, сиккаҳои бостонӣ ташкил медиҳанд.»
Юсуфшоҳ Ёқубов, раиси пажӯҳишгоҳи таъриху бостоншиносӣ ва археология дар сӯҳбат ба Радиои Озодӣ гуфт, дар таърихи беш аз 45 солаи ин Донишгоҳ барои нахустин бор аст, ки як олими тоҷикистонӣ бо ҷурми рабудани ашёи осорхона боздошт шудааст.
Дар ҳамин маврид, оқои Кулемин дар мурофиаи додгоҳ гуфт, ки дар бархе маврид зери таъсири равонӣ ва тарс зери чанд чанд ҷурм имзо гузоштааст. Кулемин аз ҷумла иттиҳомотеро дар мавриди дар ҳамакорӣ бо Раҳматхоҷа Довудов, корманди дигари пажӯҳишгоҳ фурӯхтани ҳайкалчаи қадима бо қиммати 5000 долари амрикоиро такзиб кард:
«Ман фикр мекардам, ки маро озод мекунанд ва зери ин иттиҳомот зери таъсири равонӣ имзо гузоштаам»
Александр Кулемин, ба иттилоъи Юсуфшоҳ Ёқубов, дар ҳафриёти чанд мавзеъи бостонии кишвар, бо шумули Кохи Ҳулбук, Қасри шоҳи Кӯлоб, харробаҳои Ҷиргатол, ва Файзобод ширкат доштааст. Вале аксари ашёи аз мавсуф мусодирашуда мансуб ба ҳафриёти харобаҳои даврони биринҷ то аҳди Кушониён аст, ки аз харобаҳои Ашти вилояти Суғд дарёфт шудаанд.
Зебо Абдураҳмонова мегӯяд, дар баробари оқои Кулемин парвандаи ҷиноӣ бо банди 251 қисми 1-и Қонуни ҷиноии Тоҷикистон кушода шудааст ва дар сурати исботи гуноҳ мавсуф то 8 сол аз озодӣ маҳрум хоҳад шуд.