Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Натоиҷи даври аввали Ҷоми Ҷаҳон-2010 дар Осиё


Дар минтақаи Осиё ба ҷузъ як бозӣ, ҳамаи бозиҳои боқимондаи даври аввал баргузор шуданд.

Бозии Ҳиндустон – Лубнон ба иллати борони сахт дар Ченнан ба таъхир гузошта шуд ва ҳамакнун ин ду тим дар таърихи 30 октябр дар Гоа вомехӯранд. Ба эҳтимоли қавӣ, ғолиби ин бозӣ Лубнон хоҳад шуд.

Аз минтақаи Осиёи Марказӣ Қирғизистон ва Афғонистон ноком шуданд. Қирғизҳо аз рӯи пеналтӣ роҳхатро дар Урдун гузоштанд ва афғонҳо дар шаҳри Душанбе бозии дуввуми худро низ ба Сурия бохтанд.

Тоҷикистону Туркманистон ва Узбакистон ба осонӣ ба даври дигар гузаштанд.

Натоиҷи ҳамаи бозиҳо чунин аст:

Туркманистон 4–1 Камбоҷа (1-0)

Афғонистон 1-2 Сурия (0-3)

Малайзия 0–0 Баҳрайн (1-4)

Қатар 5 –0 Шри Ланка (1-0)

Урдун 2– 0 (пен: 6-5) Қирғизистон (0-2)

Иморот 5–0 Вйетнам (1-0)

Ҳиндустон – Лубнон (1-4)

Тайван 0 – 2 Узбакистон (0-9)

Сингапур 3–0 Фаластин (4-0)

Муаммар 0– 4 Чин (0-7)

Кореяи Шимолӣ 5-1 Муғулистон ( 4 -1)

Малдив 2 – 0 Яман (0-3)

Непал 0–2 Уммон (0-2)

Ҳонконг 8 – 1 Тимори Шарқӣ (3 -2)

ТОҶИКИСТОН 5 – 0 Банладеш (1-1)

Ироқ 0– 0 Покистон (7-0)

Таиланд 7-1 Макао (6-1)

Дар қавсайн натиҷаи бозии аввал оварда шудааст. Ба ҳуруфи сиёҳ ғолиби сабқаб нишон дода шудааст.

XS
SM
MD
LG