Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Бунбасти ҳастаии Эрон


Сайиди Ҷалилӣ, ҷонишини Алии Лориҷонӣ
Сайиди Ҷалилӣ, ҷонишини Алии Лориҷонӣ

Дар арафаи музокироти нав бо намояндаи Иттиҳоди Аврупо, Эрон мегӯяд, бо вуҷуди таҳдиди таҳримҳои нав аз ҳаққи худ ба фанновариҳои ҳастаӣ даст нахоҳад кашид.

Манучеҳри Муттакӣ, вазири умури хориҷии Эрон дар як нома ба унвони ҳамтои фаронсавии худ Бернар Кушнер навиштааст, эъмоли иқдомот ва таҳримоти якҷониба алайҳи кишварҳо аз як тараф амри ғайриқонунӣ ва нақзи маншури Созмони Милали Муттаҳид аст. Аз тарафи дигар афзудааст, Муттакӣ, вазъи таҳримҳои якҷониба ба тааҳудоти онҳо дар роҳи ҳалли дипломатӣ ва музокирот дар таноқузи ошкор мебошад.

Кишварҳои ғарбӣ мегӯянд, Эрон қасд дорад, таҳти пӯшиши барномаҳои осоишта силоҳи атомӣ бисозад, вале Эрон ин иддаъоро рад карда, пайваста гуфтааст, ки барномаҳои атомии он танҳо ба хотири тавлиди нерӯи барқ аст.

Иёлоти Муттаҳидаи Амрико, ки мегӯяд, Эрони мусаллаҳ бо силоҳи атомӣ хатар барои амнияти ҷаҳон мебошад, ҳушдор додааст, ки дар сурати ноком шудани роҳи ҳалли дипломатии буҳрони атомии Эрон роҳи ҳалли низомиро сарфи назар нахоҳад кард. Вале мудири Бунгоҳи байналмилалии нирӯи ҳастаӣ Муҳаммад Ал Бародаӣ рӯзи душанбе гуфт, Эрон ҳоло қодир ба тавлиди бомби атомӣ нест ва камаш аз се то ҳашт сол ба он ниёз дорад, ки ин фурсате барои истифода аз роҳи ҳалли дипломатист.

Манучеҳри Муттакӣ дар нома ба унвони вазири умури хориҷии Фаронса гуфтааст, Эрон иҷоза нахоҳад дод, то ҳуқуқи он зери по шавад, ба қавли вай истифода аз аҳроми Шӯрои Амният, таҳримҳои иқтисодӣ, ва соири таҳдидҳо Эронро ба даст кашидан аз тасмимоташ водор нахоҳад кард.

Шӯрои Амнияти Созмони Милал ба хотири сарпечии Эрон аз талаби муттавақиф кардани фаъолиятҳои ғанисозии уран ду маротиба ба зидди Эрон таҳримоти байналмилалӣ эъмол кардааст. Қарор аст, рӯзи сешанбе дар шаҳри Рум ба хотири рафъи буҳрони ҳастаии Эрон даври нави музокироти ин кишвар бо қудратҳои ҷаҳонӣ баргузор шавад.

Дар остонаи ин нишаст сарпарасти музокироти ҳастаии Эрон, Алии Лориҷонӣ, ки сиёсатмадори нармишпазир ва мӯътадил тавсиф шудааст, аз мақомаш истеъфо дод, ки инро нишонаи мусолиҳанопазиртар шудани давлати Эрон арзёбӣ кардаанд. Акнун ба ҷои Лориҷонӣ музокирот бо Ҳавиер Солана сиёсатгузори умури хориҷаи Иттиҳодияи Аврупоро Сайиди Ҷалилӣ, муовини вазири умури хориҷа сарпарастӣ хоҳад кард. Ризо Тақизода, коршиноси эронӣ, мегӯяд, ки аз ин музокирот натиҷаеро интизор нест.

Қудратҳои ҷаҳонӣ дар музокироти пештараи худ тавофуқ карданд, то моҳи ноябр мунтазири гузориши Ҳавиер Солана доир ба натиҷаи ин музокирот ва гузориши Бунгоҳи байналмилалии нирӯи ҳастаӣ доир ба барномаҳои ҳастаии Эрон мемонанд ва сипас иқдомоти баъдӣ дар қиболи ин кишварро баррасӣ мекунанд.

XS
SM
MD
LG