Ахиран, вазири хориҷаи Фаронса Бернар Кушнер дар сӯҳбат бо телевизион ва радиои Фаронса гуфт, музокирот бо Теҳрон пиромуни ин барномаҳо бояд то охир бурда шаванд, вале ӯ ҳамзамон ҳушдор дод, ки ҷаҳон бояд ҳамчунин ба эҳтимоли ба низоъи низомӣ кашида шудани ин бӯҳрон омодагӣ бубинад. Порае аз ин сӯҳбати Бернар Кушнерро мешунавем:
"Кушнер: Мо бояд ба бадтарин пешомад омодагӣ бинем. Ин чунин маъно дорад, ки…
Мусоҳиб: Бадтарин, яъне чӣ?
Кушнер: Бадтарин - яъне ҷанг, ҷаноб.
Мусоҳиб: Ва шумо ба ҷанг чӣ гуна омодагӣ мебинед?
Кушнер: Пеш аз ҳама, мо тавассути таҳияи барномаҳои муштараке, ки дар салоҳияти раҳбари кишвар аст, омодагӣ мегирем, вале ин кори имрӯзу фардо нест. Мо мегӯем, ки мо сохтани чунин бомбро қабул надорем. Ва ин ҳам ҷузъе аз омодагиҳои мост."
Ин изҳори назари Бернар Кушнер гӯиё акси садои раисҷумҳури Фаронса Никола Саркози аст, ки дар моҳи август, дар нахустин паёми бузургаш пиромуни сиёсатҳои хориҷии Порис, Эрони дорои силоҳи ҳастаиро ғайриқобили қабул номида буд. Оқои Саркози он замон эҳтимоли ба ихтилофи низомӣ кашида шудани қазияро сарфи назар накард, ҳарчанд чунин сурати ҳол гирифтани масъаларо фоҷиъабор номид.
Оливер Руа, таҳлилгари масоили минтақа дар Маркази миллии таҳқиқоти илмӣ, мақараш дар Порис мегӯяд, ҳушдорҳои Порис шояд баёнгари шадидтар шудани мавзеъгирии Фаронса дар қиболи масъалаи Эрон бошад.
Ҳушдорҳои ахири Порис дар ҳоле садо медиҳанд, ки Ожонси байналмилалии назорати нирӯи атомӣ дар Вена ба анҷумани ҳафтрӯзаи солонааш оғоз кардааст. Дар ин ҳамоиш низ, ки имсол ба 50-солагии таъсиси ин ожонси вобаста ба СММ бахшида мешавад, як мавзӯъи умдаи баҳсҳо барномаҳои ҳастаии Эрон хоҳад буд. Бернар Кушнер, вазири хориҷаи Фаронса дар мусоҳибааш бо телевизион ва радиои Фаронса ҳамчунин гуфт, ки Порис аз музокирот бо Теҳрон дар чунин нишастҳо пуштибонӣ мекунад.
Вале ӯ ҳамчунин огоҳ кард, ки дар ғайри сурати ба тавқифи фаъолиятҳои ғанисозии ураниумаш иқдом кардани Эрон, Иттиҳодияи Аврупо метавонад болои он кишвар бар изофаи таҳримоти аллакай алайҳи Теҳрон ҷорикардаи СММ таҳримоти наверо ҷорӣ кунад. Чунин ба назар мерасад, ки замони пахши баёнияҳои Бернар Кушнер ҳисобшуда ва ба хотири таҳмили фишори ҳарчӣ афзунтар болои Эрон будааст.
"Дар ҳоле ки музокирот идома дорад ва бояд тавсиъа ёбад, мо қарор кардем, ҳамзамон ба эҳтимоли ҷорӣ кардани таҳримоти Иттиҳодияи Аврупо бар изофаи таҳримоти ҷорикардаи СММ низ омодагӣ бигирем. Дӯстони олмонии мо чунин таҳримотро пешниҳод карданд ва мо чанд рӯз пеш ин масъаларо баррасӣ кардем."
Бернар Кушнер ҳамчунин гуфт, ки ӯ аллакай аз ширкатҳои фаронсавӣ, бо шумули «Тотал», бузургтарин ширкати нафтии кишвараш хостааст, ҳеҷ гуна барномаҳои ҷадидро дар Эрон сармоягузорӣ накунанд ва ҳамин тавр, дар ҳеҷ навъ қарордоди нави иқтисодӣ бо он кишвар ширкат нагиранд.
Эрон ба навбаи худ мукарраран гуфтааст, ки ба барномаҳои ғанисозии ураниумаш идома хоҳад дод. Эрон зимнан дигарбора гуфтааст, ки ин барномаҳо аҳдофи низомиеро дунбол намекунанд. Маҳмуди Аҳмадинажод, раисҷумҳури Эрон гуфта, ки Теҳрон дар мавриди барномаҳои ғанисозии ураниумаш ба фишори байналмилалӣ гардан нахоҳад дод.
Ва матбуоти давлатии Эрон Фаронсаро ба хушомадзанӣ ба Амрико муттаҳам мекунад. Дар як сармақолаи нашркардаи ИРНО, хабаргузории давлатии Эрон аз ҷумла омадааст, ки соҳибони нави Кохи Елисейи Порис талош доранд ба нусхаи Кохи Сафед монанд шаванд.