Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Пайомадҳои эҳтимолии истеъфои Лориҷонӣ


United States - President-elect Barack Obama acknowledges the crowd flanked by wife Michelle and daughters Sacha and Malia following his victory speech at his election party in Chicago, 05Nov2008, MUST CREDIT: David Katz/Obama for America
United States - President-elect Barack Obama acknowledges the crowd flanked by wife Michelle and daughters Sacha and Malia following his victory speech at his election party in Chicago, 05Nov2008, MUST CREDIT: David Katz/Obama for America

Коршиносон мегӯянд, эҳтимол дорад, баъд аз дигаргунӣ дар раҳбарии Шӯрои амнияти миллии Эрон бархӯрди Теҳрон дар баҳси ҳастаӣ қатъияти бештар пайдо кунад.

Сухангӯи ҳукумати Ҷумҳурии Исломии Эрон Ғуломҳусейн Илҳом иттилоъ дод ки раисиҷумҳур Маҳмуди Аҳмадинажод истеъфои Али Лориҷонӣ, дабири Шӯрои амнияти миллии ин кишварро қабул кард. Хабаргузории расмии Эрон--ИРНО бо такия ба суханони оқои Илҳом иттилоъ дод ки муовини вазири корҳои хориҷии Эрон Сайиди Ҷалилӣ ҷойгузини Лориҷонӣ хоҳад буд. Коршиносон ва мутахассисони соҳа истеъфои Лориҷониро ҳамчун хабари ногаҳонӣ ва ғайриинтизор арзёбӣ намуда, мегӯянд сабаби аслии аз мақом рафтани ӯ маълум нест. Аммо Содиқи Зебокалом, профессори улуми сиёсӣ дар донишгоҳи Теҳрон дар сӯҳбат бо радиои Озодӣ гуфт, миёни Лориҷонӣ ва Аҳмадинажод аз пеш ихтилофи назар вуҷуд дошт: "Лориҷонӣ баъд аз интихобшавии Аҳмадинажод ба мақоми раёсатчумҳури соли 2005 музокиракунандаии аршади ҳастаии Эрон таъин гашт. Аммо ду соли гуфтушунидҳо бо мақомдорони Иттиҳоди Аврупо дар мавриди барномаи ҳастаии Эрон тақрибан ягон натиҷае надод." Бо вуҷуди ин оқои Зебокалом мегӯяд, имкон дорад дар натиҷаи истеьфои Лориҷонӣ бархӯрди Эрон ба мавзӯъи ҳастаи боз ҳам қотеътар шавад.

Изҳорот дар бораи истеъфои Лориҷонӣ дар ҳоле содо дод ки ба даври навбатии музокироти Эрон ва Иттиҳоди Аврупо дар мавзӯъи барномаи ҳастаии он кишвар ҳамагӣ се рӯз боқӣ мондааст. Сухангӯи давлати Эрон Ғуломҳусейн Илҳом гуфт интизор меравад ҷоӣгузини Лориҷонӣ -- Сайиди Ҷалилӣ 23 октябр барои баррасии барномаи ҳастаии Эрон бо масъули умури берунаи Иттиҳоди Аврупо Ҳовиер Солана вохӯрӣ кунад. Аммо шоми шанбе Массимо Далемма, вазири умури хориҷии Итолиё дар Рум гуфтааст, ки дар ин нишаст бо оқои Солана, ки дар пойтахти Итолиё баргузор мешавад, оқои Лориҷонӣ ҳам ширкат хоҳад кард. Бархе аз расонаҳо мегӯянд, вай дар ин гуфтушунид аз раҳбари олии Эрон оятуллоҳ Алии Хоманаӣ намояндагӣ хоҳад кард.

Шурои амнияти СММ барои саркашии Теҳрон аз мутаваққиф кардани ғанисозии ураниум ду бор алайҳи он кишвар таҳримҳои иқтисодӣ ва тиҷоратӣ эълон кардааст. Кишварҳои Ғарб бар инанд ки Эрон мехоҳад силоҳи ҳастаӣ тавлид кунад, аммо Теҳрон ин иттиҳомотро рад намуда, мегӯяд барномаи ҳастаиаш сулҳомез буда- ҳадафаш дастёби ба манбаъи нерӯи барқи арзон аст ва ба ҳамин хотир ҳам аз мутаваққиф кардани ғанисозии ураниум саркашӣ мекунад.


XS
SM
MD
LG