Додоҷони Атовулло, сардабири нашрияи “Чароғи рӯз” ва раҳбари ҷунбиши сабтиномнашудаи “Ватандор” гуфтааст, ки ягон кишвар ӯро ба Тоҷикистон нахоҳад дод ва дархости додситонии кулли ин кишвар ҷиҳати боздошт ва истирдоди ӯ иҷроношуда боқӣ хоҳад монд. Шерхон Салимзода, додситони кулли Тоҷикистон дирӯз гуфт, Душанбе аз Русия ва кишварҳои дигар боздошти Додоҷони Атовуллоро дархост карда, аммо ҳанӯз дар ин замина посухе нагирифтааст. Ин мунтақиди давлати Эмомалӣ Раҳмон дар Тоҷикистон ба тӯҳмату таҳқири раҳбарони аввали кишвар ва даъват ба сарнагунии низом айбдор мешавад. Созмони “Хабарнигорони бидуни марз” низ дар як баёния дархости истирдоди хабарнигори тоҷикро “ғайриқонунӣ ва бемаънӣ” унвон кардааст.