Дар кишвари Сербистон шумори қурбониёни афтодани боми бетонии даромадгоҳи истгоҳи марказии роҳи оҳани шаҳри Нови Сад то 14 нафар афзоиш ёфт.
Ҳодиса 1-уми ноябр рух дод. Шаби гузашта мардуми зиёд ба ёди қурбониёни ин ҳодиса ба маҳҳалли фоҷеа гулу шамъ оварданд.
Мақомоти Маркази тиббии донишгоҳи Войводина гуфтанд, вазъи саломатии се нафари дигар сангин боқӣ мемонад.
Рӯзи ҷумъа дар натиҷаи сарозер шудани боми даромадгоҳи вокзали роҳи оҳан, ки ҳамагӣ чанд моҳ пеш ифтитоҳ шуда буд, даҳҳо нафар зери овор монданд.
Нахуствазир Милош Вучич ин ҳодисаро “мудҳиштарин” дар таърихи навини шаҳри Нови Сад номид ва ваъда дод, ки гунаҳгорон ҷазо мебинанд.