Ин нуктаро ӯ рӯзи 29 октябр дар маросими ифтитоҳи “Муассисаи давлатии омодасозии кадрҳои баландихтисос” изҳор дошт. Ӯ, ки бори дигар ба риоя шудани қонунҳо «Дар бораи танзими ҷашну маросим» ва «Дар бораи масъулият барои таълиму тарбияи кӯдак» таъкид намуд, гуфт, баъди супориши ӯ аз ҷониби сохторҳои вазорати корҳои дохилӣ дар саросари Тоҷикистон боздоштҳо сурат гирифт.
Президенти Тоҷикистон гуфт: “1500 нафар шахсоне, ки ба сеҳру ҷоду ва фолбинӣ машғул буданд ва зиёда аз 5000 нафар муллоҳои чаласавод барои хурофотпарастӣ дастгир гардида, ба қайди мақомоти корҳои дохилӣ гузошта шудаанд”. Маълум нест ин шумор нафарон дар чӣ муддат боздошт шудаанд ва сарнавишти баъдии онҳо чӣ шуд.
Президенти Тоҷикистон, ки барои саркӯби озодиҳои динӣ танқид мешавад, мегӯяд, ҷаҳолату хурофотпарастии динӣ як омили густариши ифротгароӣ ва терроризм мешавад. Давоми солҳои гузашта садҳо ҳодисаи ба ҷавобгарӣ кашидани афрод барои фолбинию фаъолияти динии ғайриқонунӣ расонаӣ шудааст.
Моҳи августи имсол Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон бо нашри изҳороте инчунин муштариёни фолбинону ҷодугаронро ҳушдор дод, ки аз хадамоти ин афрод истифода накунанд, вагарна “ба шуъбаҳои Вазорати корҳои дохилӣ даъват карда мешаванд ва нисбаташон мавод тартиб дода шуда, дар махзанҳои Вазорати корҳои дохилӣ бо расмҳояшон гузошта мешаванд”.