Рӯзи 1 ноябр сомонаи додситонии кулли Тоҷикистон хабар дод, ки мулоқоти Юсуф Раҳмон ва дипломати калони Русия дар бинои додситонии кулли Тоҷикистон дар Душанбе ҷараён гирифт. Дар ин мулоқот “масъалаҳои пешгирӣ ва мубориза бо ҷиноятҳои дорои хусусияти байналмилалӣ, аз қабили терроризм ва ифротгароӣ, гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир ва дигар зуҳуроти ҷиноии фаромиллӣ муҳокима гардиданд”, навиштааст сомонаи додситонии кулл.
Ҷузъиёт ё тафсилоти гуфтугӯҳои ду мақом нашр намешавад. Дар идомаи хабар омадаст, ки дар ин дидор инчунин “оид ба вазъи ҳуқуқии муҳоҷирони меҳнатӣ дар Русия ва ҳифзи ҳуқуқи онҳо изҳори назар карда шуд”.
Дар ҳоле, ки иттилои бештар аз дидору гуфтугӯҳои мақомоти русу тоҷик нашр намешавад, мавзӯи фишор болои шаҳрвандони Тоҷикистон дар Русия баъди ҳамла ба толори консертии “Крокус”, боздошту ҳабс, ихроҷу истирдод ва ҳолатҳои фаровони поймолкунини ҳуқуқи инсон аз мушкилоти рақами яки муҳоҷирони тоҷик дар Русия гардидааст.
Пойгоҳи хабарии “Важние истории” навиштааст, ки дар 6 моҳи соли ҷорӣ додгоҳҳои Русия ҳукми рондани 86 ҳазор муҳоҷирро содир кардаанд. Ин аз омори соли 2022 бештар аст. Тибқи иттилои расмӣ, дар нимаи аввали соли ҷорӣ 17 ҳазор шаҳрванди Тоҷикистон аз Русия берун карда шудаанд.
Вазоратҳои умури дохилӣ ва ҳам меҳнату муҳоҷирати Тоҷикистон бо такя ба мақомоти ҳифзи қонуни Русия моҳи октябр шаҳрвандонро аз вуҷуди феҳристи беш аз 120 ҳазор шаҳрванди Тоҷикистон огоҳ карданд, ки ба онҳо барои вайрон кардани қонунҳои муҳоҷират ихроҷ аз хоки Русия таҳдид мекунад.