Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Украина гуфт, 93 ҳолати куштори маҳбусони ҷанг аз ҷониби Русияро сабт кардааст


Сабти дронҳо дар аввали моҳи октябр ҳолати куштори 16 сарбози украиниро аз ҷониби артиши Русия нишон медиҳад. Ин сарбозон пеш аз марг таслим шуда буданд
Сабти дронҳо дар аввали моҳи октябр ҳолати куштори 16 сарбози украиниро аз ҷониби артиши Русия нишон медиҳад. Ин сарбозон пеш аз марг таслим шуда буданд

Украина  қатли 93 маҳбуси ҷангии украиниро сабт кардааст, ки ба ҷиноятҳои ҷангии Русия рабт доранд.

Юрий Белоусов, як намояндаи додситонии кулли Украина рӯзи 4 октябр гуфт, Киев 93 ҳолати тасдиқшудаи куштори низомиёни боздоштшуда аз ҷониби Русияро санад кардааст.

Белоусов гуфт, ки тахминан 80 фоизи кушторҳо соли ҷорӣ сабт шудаанд ва ба мушоҳидаи онҳо, афзоиши якбораи чунин ҳодисаҳо баъди моҳи ноябри порсол шурӯъ шуд, вақте, ба гуфтаи Белоусов, рафтори низомиёни рус хашинтар шудан гирифт.

1 октябр додситонии кулли Украина гуфт, ки таҳқиқи ҳодисаи азимтарини кушторҳои ҷамъии маҳбусони украинӣ аз ҷониби артиши Русияро аз замони шурӯи ҷанг дар моҳи феврали имсол ба роҳ мондааст.

Бино ба маълумоти расмии додситонии кулли Украина, нирӯҳои Русия дар наздикии деҳаҳои Миколаевка ва Сухий Яри ноҳияи Покровски вилояти Донетск 16 маҳбуси ҷангии украиниро бо силоҳ ба қатл расониданд.

XS
SM
MD
LG