Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Як фармондеҳи Сипоҳи посдорон дар Лубнон кушта шудааст


Сипоҳи посдорони Ҷумҳурии исломии Эрон хабари кушта шудани як фармондеҳаш дар Лубнонро тасдиқ кард.

Аббос Нилфурушон, муовини амалиётии ин созмон рӯзи ҷумъаи 27-уми сентябр дар ҳамлаи артиши Исроил дар Бейрут кушта шудааст. Ин ҳамон ҳамлае буд, ки боиси кушта шудани Ҳасан Насруллоҳ, раҳбари гуруҳи ситезаҷӯи “Ҳизбуллоҳ” шуда буд.

Гурӯҳи “Ҳизбуллоҳ” аз ҳимояти Эрон бархӯрдор аст. Амрико онро созмони террористӣ медонад. Иттиҳоди Аврупо танҳо ҷиноҳ ё қаноати ҳарбии “Ҳизбуллоҳ”-ро ба феҳрасти сиёҳ ворид кардаааст.

Аббос Нилфурушон солҳо дар артиши Эрон хизмат мекард ва дар ҷанги ин кишвар бо Ироқ низ ширкат дошт. Ӯ ҳамчунин ҷойнишини қароргоҳи Имом Ҳусайн ва муовини амалиётии Сипоҳ буд.

XS
SM
MD
LG