Иброҳим Ақил, машҳур бо номи “Басим Таҳсин”, яке аз ҳашт узви “Шӯрои ҷиҳод”, ниҳоди олии низомии “Ҳизбуллоҳ”-и Лубнон; фармондеҳи амалиёти вижаи ин гурӯҳ ва сарпарасти дастаи “Ризвон” буд. “Ризвон” лақаби Имод Муғния, аз фармондеҳони пешини “Ҳизбуллоҳ” аст. Вай ин гурӯҳи вижаро бо ёрии Қосим Сулаймонӣ, фармондеҳи вақти нерӯҳои “Қудс”-и Эрон, омода кардааст.
Ақил дар даҳаи 1980 узви гурӯҳи “Ҷиҳоди исломӣ”, яке аз созмонҳои вобаста ба “Ҳизбуллоҳ” ба шумор мерафт. Ин гурӯҳ масъулияти таркишро дар моҳи апрели соли 1983 дар бинои сафорати Амрико дар Бейрут бар дӯш гирифт. Дар ин таркиш 63 нафар кушта шуданд.
Гурӯҳ ҳамчунин масъулияти бомбаборони пойгоҳи нерӯҳои дарёии Амрикоро дар Бейрут дар моҳи октябри соли 1983 пазируфт. Дар он ҳодиса 241 сарбози амрикоӣ ҷон бохтанд.
Ба гузориши торнамои Вазорати корҳои хориҷии Амрико, Иброҳим Ақил ҳамчунин сардори амалиёти гаравгонгирии шаҳрвандони ИМА ва Олмон дар Лубнон дар солҳои 80-ум буд.
Департаменти давлатӣ номи Иброҳим Ақилро аз 21-уми июли соли 2015 дар рӯйхати шахсони таҳти ҷустуҷӯ ва аз 19-уми сентябри соли 2019 дар рӯйхати “террористон” ҷой додааст. Рӯзи 18-уми апрели соли 2023 ба муносибати 40-умин солгарди бомбгузорӣ дар сафорати Амрико дар Бейрут, барои маълумот дар бораи макони Иброҳим Ақил ҳафт миллион доллар ҷоиза эълон шуда буд.
Иброҳим Ақил дар моҳи дувоздаҳуми ҷанг дар Ғазза кушта шуд. Гурӯҳи “Ҳизбуллоҳ”-и Лубнон ба хотири ҳимоят аз “Ҳамос”, ки Амрико ва Иттиҳоди Аврупо созмони террористӣ медонанд, вориди ҷанг шуд. Дар ҷараёни он Исроил дар ҳамлаҳои мухталиф даҳҳо фармондеҳи аршад ва миёнаи “Ҳизбуллоҳ”-ро аз байн бурд.
Гурӯҳи "Ҳизбуллоҳ"-и Лубнон 21-уми сентябр гуфт, дар ҳамлаи ҳавоии Исроил ба Бейрут рӯзи ҷумъа як фармондеҳи дигари баландпояаш кушта шудааст. Аз ӯ Аҳмад Маҳмуд Ваҳбӣ ном бурданд. Аҳмад Маҳмуд Ваҳбиро раҳбари амалиёти нерӯҳои "Ризвон" барои мадад ба гурӯҳи "Ҳамос" дар ҳамла ҷануби Исроил медонанд.
Аз он пеш, шоми 30-юми июл, Фуод Шукр, фармондеҳи баландпояи “Ҳизбуллоҳ”-и Лубнон дар Бейрут “аз байн бурда шуд”. Фуод Шукрро “дасти рост” ва мушовири раҳбари “Ҳизбуллоҳ” Ҳасан Насрулло меномиданд, ки тарҳрезӣ ва раҳбарии амалиёти ҳарбиро ба уҳда дошт. Исроил масъулияти куштори Шукрро ба дӯш гирифт.
То чанд рӯз пеш “Ҳизбуллоҳ” кушта шудани беш аз 450 нерӯи худро дар ҳамлаҳои Исроил дар 350 рӯзи гузашта таъйид кард, аммо ҳамзамон гуфт, шумори дақиқи талафотро дар инфиҷори пейҷерҳо ва дастгоҳҳои мухобиротӣ, ки рӯзҳои 17 ва 18-уми сентябр рӯй доданд, фош намекунад. Дар ин таркишҳо ҳазорон узви “Ҳизбуллоҳ” захмӣ шуда, ё чашми худро аз даст додаанд ё маъюби якумрӣ гаштаанд.