Дар ин бора рӯзи 3 август Дафтари занони СММ бо такя ба таҳқиқоти Бюрои ҳуқуқи инсон ва риояи қонунмандӣ иттило додааст.
Рӯзи 31 июл дар Душанбе бо ташаббуси идораи занони СММ ҳамоиш оид ба “Мубориза бо хушунат ва вокуниш ба он” баргузор гардид. Дар ҷараёни ин нишаст, аз ҷумла, гуфта шуд, ки дар Тоҷикистон аксари онҳое, ки бо зӯроварӣ рӯбарӯ мешаванд, аз кӯмакхоҳӣ худдорӣ мекунанд.
“Ҳарчанд таҳқиқи омори соли 2023 мегӯяд, ки ҳодисаҳои хушунати ҷисмонӣ, ҷинсӣ ваё равонӣ аз тарафи ҳамсарон аз 31 дарсади соли 2017 то 16 дарсад дар соли 2023 кам шудааст, кори зиёде ҳанӯз дар пеш аст”.
Ба қавли фаъолони ҳуқуқи зан дар Тоҷикистон, ҷорӣ шудани ҷазои ҷиноӣ барои хушунат алайҳи занон, онгуна, ки дар Қазоқистон амал мекунад, метавонад барои пешгирӣ аз фоҷеаҳои зиёд ва боло бурдани сатҳи огаҳии ҷомеа аз хатарҳои хушунат мусоидат кунад.