Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Пулиси Душанбе шавҳари блогерро боздошт кард


Рухшона Раҳматуллоева ва Умед Раҳматулллоев
Рухшона Раҳматуллоева ва Умед Раҳматулллоев

Пулиси шаҳри Душанбе хабар дод, ки шавҳари Рухшона Раҳматуллоева, блогери шинохтаи тоҷикро боздошт ва ҷазо додааст.

Рухшона Раҳматуллоева, ки бо тахаллуси “Соффи” дар Инстаграм саҳифа дорад, рӯзи 12-уми июн шикоят кард, ки аз тарси латукӯби шавҳараш аз хона фирор кардааст. Ӯ дар саҳифааш навишт, ки дар ҷое пинҳон шудааст, чун шавҳараш таҳдид кардааст, ки ӯро мекушад.

Раёсати ВКД дар шаҳри Душанбе рӯзи 13-уми июн хабар дод, ки шикояти блогерро таҳқиқ ва Умед Раҳматуллоев, шавҳари 34-солаи ӯро боздошт кардаанд. Дар хабари РВКД гуфта мешавад, ки миёни ин ҷуфт “нофаҳмӣ” ҷой доштааст ва Умед Раҳматуллоев бо қарори додгоҳи ноҳияи Шоҳмансур барои “ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ” ҳафт шабонарӯз ҳабс шудааст.

Мақомот иддаои Рухшона Раҳматуллоева дар мавриди хушунату латукӯб ва таҳдид ба кушторро тасдиқ накардаанд, вале гуфтаанд, ки чунин ҳодисаҳо фарҷоми “фалокатбор” доранд.

Назари зану шавҳар ва наздиконашон ба ин хабар дастрас нест.

Шикояти блогер дар шабакаҳои иҷтимоӣ вокунишҳоро ба миён овард ва чанд корбар аз мақомот хоста буданд, ки қазияро таҳқиқ кунанд.

Шикоят аз хушунати хонаводагӣ дар Тоҷикистон ҳодисаи нав нест. Ҳомиёни ҳуқуқ борҳо аз азият шудани занҳо аз ҷониби шавҳаронашон шикоят карда буданд.

XS
SM
MD
LG