Хадамоти матбуотии президенти Узбекистон иттилоъ дода, ки ҷонибҳо дар рафти гуфтугӯҳо 8 санади нави ҳамкорӣ, аз ҷумла "Созишнома дар бораи шарикии ҳамаҷониба дар соҳаи муҳоҷират"-ро имзо кардаанд.
Ба иттилои манбаъ, санади имзошуда ба ташкили ҳамкории шаффоф ва системавӣ дар соҳаи муҳоҷират равона шудааст. Ҷузъиёти бештари санад феълан маълум нест.
Олаф Шолтс 15-уми сентябр вориди Узбекистон шуд ва қарор аст, рӯзҳои 16-17-уми сентябр дар нишасти “Панҷ кишвари Осиёи Марказӣ ва Олмон” ширкат кунад. Ин нишаст бори аввал соли 2023 дар Олмон ва бо ҳузури роҳбарони панҷ кишвари Осиёи Марказӣ баргузор шуда буд.
Олаф Шолтс аввалин Садри аъзами Олмон аст, ки ба Осиёи Марказӣ сафар мекунад, аз ин рӯ, сафарашро ба минтақа таърихӣ меноманд. Дар нишасти “Панҷ кишвари Осиёи Марказӣ ва Олмон” Эмомалӣ Раҳмон, президенти Тоҷикистон низ ширкат мекунад.