Ин бозии даври аввали гурӯҳи “С” шаби сешанбеи 17-уми сентябр дар Варзишгоҳи марказии шаҳри Душанбе соати 21:00 шуруъ мешававд.
Дар арафаи бозии “Истиқлол” ва “Шарҷа”, шоми душанбеи 16-уми сентябр соати 18:00 дар толори Варзишгоҳи марказии ҷумҳуриявӣ нишасти матбуотӣ доир мегардад. Ба саволҳои хабарнигорон сармураббиён ва бозигарони ҳарду даста посух медиҳанд.
«Шарҷа», бошгоҳи футбол аз шаҳри Шарҷа, соли 1966 таъсис ёфтааст ва дар Про-лига – дивизиони олии қаҳрамонии Имороти Муттаҳидаи Арабӣ иштирок мекунад. “Шарҷа” қаҳрамони шашкаратаи Иморот буда, нӯҳ бор Ҷоми миллии ин кишварро соҳиб шудааст.
Ҳакамони бозии «Истиқлол» ва «Шарҷа» аз Баҳрайн мебошанд. Сардовари ин бозӣ Умар Иброҳим Маҳфуд таъйин шудааст. Ба ӯ ҳамватанонаш Муҳаммад Ҷаъфар Салмон ва Абдулло Солеҳ Муҳсин кӯмак хоҳанд кард. Довари эҳтиётӣ Муҳаммад Холид Таррар (Баҳрайн), нозири доварон Сукбир Синх (Сингапур) ва комиссари бозӣ Рашид Ал-Досарӣ (Қатар) мебошанд.
Нархи билети тамошои бозии “Истиқлол” ва “Шарҷа” дар Варзишгоҳи марказӣ барои минбари асосӣ 50 сомониро ташкил медиҳад. Барои се минбари дигар (шимол, шарқ ва ҷануб) нархи билет 20 сомонӣ муқаррар шудааст. Нархи билети VIP 200 сомонӣ мебошад.
“Истиқлол” дар гурӯҳи “С” ба ғайр аз “Шарҷа” бо тимҳои “Сипоҳон”-и Эрон ва “Ал-Ваҳдат”-и Урдун рақобат мекунад.
Нахустин бозии “Равшан” бо “Моҳун Баган”
Дар мусобиқоти Лигаи дуюми қаҳрамонҳои AFC-2024/25 Тоҷикистонро, инчунин дастаи “Равшан”-и Кӯлоб, ноиби қаҳрамони кишвар, намояндагӣ хоҳад кард.
“Равшан”, ки ба гурӯҳи “А” шомил аст, рақибонаш дастаҳои “Ал-Вақра”-и Қатар, “Трактор”-и Эрон, “Моҳун Баган” -и Ҳиндустон мебошанд. “Равшан” нахустин бозиашро рӯзи чоршанбеи 18-уми сентябр дар меҳмонӣ бо тими “Моҳун Баган” баргузор мекунад.
“Моҳун Баган” бошгоҳи варзишӣ аз шаҳри Калкуттаи иёлати Банголи Ҳиндустон аст. Ин куҳантарин бошгоҳи футбол дар Осиё буда, соли 1889 таъсис ёфтааст. “Моҳун Баган” дар Супер-лигаи Ҳиндустон дар мавсими солҳои 2022-2023 ғолиб шудааст.
Мусобиқот дар Лигаи қаҳрамонҳои Осиё-2 бо ширкати 32 даста доир мегардад. Дастаҳо ба ду минтақа – Шарқ ва Ғарб - тақсим шудаанд. Ҳар як минтақа аз 16 даста иборат аст. Дастаҳои “Истиқлол” ва Равшан” ба минтақаи Ғарб дохиланд. Дастаи ғолиби минтақаҳо ҳуқуқ пайдо мекунад, ки соли оянда дар Лигаи элита ё зӯртарин бошгоҳҳои футболи Осиё иштирок намояд.