Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Зеленский: дер расидани аслиҳа ба ҷанг таъсири манфӣ мерасонад


Владимир Зеленский
Владимир Зеленский

Артиши Украина хабар дод, ки субҳи душанбеи 16-уми сентябр қариб 20 бесарнишин ё дронҳои русиро дар осмон нобуд кардааст. Ба қавли мақомоти украинӣ, ин паҳподҳо шаҳри Киевро ҳадаф гирифта буданд.

Дар шароите, ки Русия шабонарӯз ба шаҳрҳои Украина аз замину осмон ҳамла мекунад, раиси ҷумҳури Владимир Зеленский аз муттаҳидони ғарбиаш хост, фиристодани кумакҳои низомӣ ба Киевро суръат бахшанд.

Владимир Зеленский рӯзи шанбеи 14-уми сентябр дар паёми видеоӣ ба гуфтушуниди кишварҳои ғарбӣ, бар сари ирсоли аслиҳа ба Украина ишора кард.

Зеленский ин кумакҳоро барои кишвараш “ҳаётӣ” хонд ва гуфт, ҳаргуна таъхир ё дермонӣ дар фиристодани кумакҳои низомӣ, ба хатти аввали ҷанг таъсири манфӣ мерасонад.

Киев борҳо гуфтааст, барои муқобила бо таҷовузи Маскав, бояд ба ҳадафҳое дар дохили Русия зарба занад. Кишварҳои ғарбӣ, аз ҷумла ИМА ба истифодаи мушакҳои дурпарвоз барои зарба задан ба дохили Русия иҷоза надодаанд.

XS
SM
MD
LG