Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Эрон гуфт, ба мадор маҳвораи таҳқиқотие ҳамроҳ бо мушак фиристодааст


Эрон гуфт, маҳвораи таҳқиқотии пайвастшуда бо мушакро ба мадор партоб кард.

Хабаргузории давлатии ИРНА рӯзи 14 сентябр гузориш дод, ки моҳвораи таҳқиқотии "Чамран-1"-ро бо вазни 60 кило, ки ба он мушак пайваст карда шудаст, ба мадор фиристод. Ин мушаки сохтаи бахши кайҳонии Сипоҳи посдорони инқилоби исломӣ бомуваффақият ба мадори воқеъ дар 550-километрӣ расид. Моҳи январ Эрон гуфт, ки се моҳвораи дорои мушакро бомуваффақият ба мадор фиристод. Иёлоти Муттаҳида қаблан гуфта буд, ки моҳвораи Эрон ба қатъномаи Шӯрои Амнияти Созмони Милал мухолифат мекунад ва аз Теҳрон даъват кардааст, ки ҳеҷ гуна фаъолияте бо истифода аз мушакҳои баллистикии қодир ба интиқоли силоҳи ҳастаӣ анҷом надиҳад. Мӯҳлати таҳримҳои СММ дар робита ба барномаи мушакҳои баллистикии Эрон моҳи октябри соли гузашта ба поён расид.

XS
SM
MD
LG