Ин мулоқот дар ҳоле ҷараён мегирад, ки Украина ҳарчи бештар талаб дорад маҳдудиятҳо дар заминаи истифодаи силоҳҳои Амрико ва Бритоние алайҳи ҳадафҳои Русия сабуктар карда шаванд. Чунин ишораҳое мешавад, ки эҳтимолан ИМА дар ин замина дидгоҳашро каме тағйир диҳад.
Ҳафтаи ҷорӣ дар Киев мақомоти украинӣ дар мулоқот бо Энтони Блинкен ва Дэвид Лэмми - вазирони корҳои хориҷии Амрико ва Бритониё бори дигар дархости худро дар заминаи иҷозаи истифодаи мушакҳои дурпарвози ғарбӣ ба дарунтари қаламрави Русия матраҳ карданд.
Владимир Путин ҳушдор додааст, ки агар кишварҳои ғарбӣ ба Украина иҷозат бидиҳанд, ки аз мушакаҳои дурпарвоз зидди ин кишвар истифода кунад, ин ба маънои вуруди мустақими НАТО ва кишварҳои таъминкунандаи аслиҳа ба ҷанг аст.