Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Бонкҳои муфлисшуда то ҳол беш аз 620 млн сомонии мардумро надодаанд


Бонки миллии Тоҷикистон мегӯяд, бонкҳои муфлисшудаи кишвар аз муштариёни худ беш аз 620 миллион сомонӣ ё зиёда аз 58 миллион доллар қарздоранд.

Бонки миллӣ дар вокуниш ба матлаби Радиои Озодӣ навиштааст, имкони якбора баргардондани амонати мизоҷон вуҷуд надорад. Ба навиштаи ин ниҳоди молӣ, бозпас додани маблағи мардум аз фурӯши дороии бонкҳо вобаста аст.

Баъди соли 2017 чор бонки калони кишвар "Тоҷпромбонк", "Фононбонк", "Тоҷиксодиротбонк" ва "Агроинвестбонк" муфлис шудаанд. Аз ин миён танҳо "Фононбонк" амонати мизоҷонашро пардохт ва муштариёни се бонки дигар то ҳол наметавонанд пулҳои худро аз бонкҳо бозпас бигиранд.

Аз ҷумла, Солеҳамоҳ Самадова, сокини Душанбе ва муштарии "Тоҷпромбонк" мегӯяд, чанд сол боз талош дорад маблағи гузоштааш дар бонкро баргардонад. Аммо Бонки миллӣ дар посух ба Радиои Озодӣ навиштааст, исми ин зан дар феҳристи қарздеҳони бонк нест.

Дар ҳоле ки хонум Самадова мегӯяд, пас аз муфлис шудани бонк як хонаро бар ивази қисме аз пулҳояш ба ӯ дода буданд, вале он ҳам баҳсӣ аст, чун нафари дигар иддаои соҳибии онро дорад.

Ба иттилои Бонки миллӣ, дар замони кори мудирони махсус беш аз 212 миллион сомонӣ пули муштариёни "Тоҷиксодиротбонк", 194,5 млн сомонӣ аз "Агроинвестбонк" ва бештар аз 240 млн сомонӣ маблағи амонатгузорони "Тоҷпромбонк" баргардонида шудааст.

XS
SM
MD
LG