Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Як рӯзноманигори қирғиз дар ангехтани бадбинӣ муттаҳам мешавад


Баян Ҷумагулова
Баян Ҷумагулова

Додгоҳи ноҳияи Свердлови шаҳри Бишкек 11 сентябр баррасии парвандаи рӯзноманигор Баян Ҷумагуловаро, ки дар барангехтани бадбинӣ гумонбар мешавад, оғоз кардааст.

Ҷумагулова дар суҳбат бо бахши қирғизии Радиои Озодӣ гуфтааст, ӯ дар мурофиаи нахустин аз додрас дархост кард, коршиносе, ки навиштаҳояшро дар шабакаҳои иҷтимоӣ аз ташхиси забоншиносӣ гузаронидааст, иваз карда шавад.

“Яке аз ташхисгарон зани ҳиҷобпӯш, яъне, диндор аст. Ба беғараз будани ташхиси ӯ шубҳа кардам ва аз додрас дархост кардам, ки вайро иваз кунад. Дархост дар мурофиаи оянда баррасӣ мешавад”, -изҳор доштааст ӯ.

Мурофиаи навбатии рӯзноманигор қарор аст, 24 сентябр баргузор шавад.

Зидди Баян Ҷумагулова моҳи июни имсол барои навиштаҳояш дар шабакаи иҷтимоии Фейсбук парванда боз шуда буд. Он замон гуфта шуд, ки ӯ дар ангехтани бадбинӣ гумонбар мешавад.

XS
SM
MD
LG