Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҳукумат воридоти садҳо тонна маҳсулотро аз боҷи гумрукӣ озод кард


Яке аз бозорҳои Душанбе. Акс аз бойгонӣ
Яке аз бозорҳои Душанбе. Акс аз бойгонӣ

Ҳукумати Тоҷикистон номгӯ ва миқдори молу маҳсулотеро муайян кард, ки Оҷонсии захираҳои моддии давлатӣ бе пардохтани боҷи давлатӣ ва танҳо бо супоридани ними андоз аз арзиши иловашуда (НДС) ба кишвар хоҳад овард. Радиои Озодӣ 10-уми апрел бо муҳтавои санад шинос шуд.

Дар қарори ҳукумат омадааст, Оҷонсӣ соли 2024 барои ворид кардани 100 ҳазор тонна гандум, 30 ҳазор тонн шакар, 250 ҳазор тонна сӯзишвории дизеливу бензин ва 20 ҳазор тонна нуриҳои минералӣ имтиёз дорад.

Мақомот мегӯянд, ҳадаф аз додани имтиёз ба Оҷонсии захираҳои моддии давлатӣ, муътадил нигоҳ доштани арзиши маҳсулоти ғизоӣ ва сӯзишворӣ аст. Аммо соҳибкорон ва коршиносони иқтисодӣ, додани имтиёз ба як идораи давлатиро, ки иштирокчии бозор аст, хилофати рақобат медонанд.

XS
SM
MD
LG