Масъулони Кумитаи андози Тоҷикистон дар шаш моҳи аввали имсол беш аз ҳаштуним миллиард сомониро ба буҷети кишвар ворид кардаанд. Онҳо рӯзи 14-уми август дар нишасти матбуотӣ гуфтанд, агар баъзе аз ширкатҳо аз молиёт озод намебуданд, тақрибан се миллиард сомонии дигар ҷамъоварӣ мешуд.
Имтиёзҳо асосан ба ширкатҳои сердаромади коркарди пахта ва маъдан рабт дошта, расонаҳои ахбори ом онҳоро ба шахсони бонуфуз ва наздик ба мансабдорони баландпоя мансуб медонанд.
Нусратулло Давлатзода, раиси Кумитаи андоз, гуфт, “имтиёз асосан дар соҳаи саноат ва қаъри замин аст, баъд дар ташкилоти қарзии хурд. Ҳоло имтиёзҳо ба 32,5 дарсад пойин оварда шудааст.”
Фозилҷон Фатҳуллоев, таҳлилгари масъалаҳои иқтисодӣ, ба интихобӣ ва гоҳе дарозмуддату зиёновар буданни имтиёзҳои андозӣ дар Тоҷикистон ишора кард, аммо афзуд, “мақомоти ҳар кишвар ба манзури ҷалби сармоягузорӣ аз ҳаққи ихтисоси имтиёзҳои андозиву гумрукӣ бархурдоранд”.
“Муаммо аст, ки барои чӣ имтиёзҳо ба ширкатҳои бузург дода мешаванд ва ин ширкатҳо ба ҷойи панҷ соли муқарраршуда аз ин имтиёзҳо тӯли даҳ сол истифода мебаранд. Ҳоло миёни мақомот баҳсҳои зиёде сурат мегирад, ки ба бахши IT-технологияҳо ё IT-паркҳо имтиёз диҳанд ё не. Аз сабаби набуди имтиёзҳо дар ин бахш ин арсаи фанновариҳои нав дар Тоҷикистон рушд намекунад,” – шарҳ дод ӯ.
Тарзи тақдими имтиёзҳои андозу гумрук дар Тоҷикистон борҳост зери суол гузошта мешавад. Феълан 16 корхонаи коркарди нахи пахта ва бештаре аз корхонаҳои истихроҷи маъдани гаронбаҳо дар Тоҷикистон аз пардохти молиёту таърифаҳои гумрукӣ пурра ё қисман озоданд.
Гуфтугӯ